РИФҲО (голландӣ), баландиҳои ростбаромадаи рӯи об ё зери обро гӯягд, ки аз қаъри тунукобаҳои баҳр қад кашида, ба киштигардӣ халал мерасонанд. Рифҳо шахӣ ва марҷонӣ мешаванд. Рифҳои шахӣ аз ҷинсҳои сахти кӯҳӣ ва Рифҳои марҷонӣ аз скелети оҳакии организмҳои баҳрӣ (асосан полипҳои марҷонӣ) таркиб ёфтаанд.
Рифҳои шахӣ дар натиҷаи шуста вайрон шудани ҷинсҳои қаър ва соҳилҳо, Рифҳои марҷонӣ бошанд, аз ҷамъ шудани скелети марқонҳои баҳрӣ (одатан дар тунукобаҳои назди соҳил, атрофи ҷазираҳои атоллӣ, дохили лагунаҳо) пайдо мешаванд.