Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ КАМОЛӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ КАМОЛӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ  КАМОЛӢ, инқилоби зиддиимпериалистӣ, миллии буржуазӣ дар Туркия. Револютсияи  Камолӣ баъди дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) шикаст хӯрдани Туркия, ки дар натиҷаи хавфи аз даст рафтани истиқлолияти давлат ба амал омада буд, сар шуд. Ба саршавӣ ва равнақёбии Револютсияи  Камолӣ Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр таъсири калон расонд. Маркази Револютсияи  Камолӣ  Анатолия буд. Дар ин ҷо охири 1918— аввали 1919 ба сабаби як қатор районҳои мамлакатро ишғол намудани Антанта (Британияи Кабир, Франсия, Италия) ҳаракати стихиявии халқӣ сар шуд, ки он баъди Измирро забт намудани Юнон (15 маи 1919) ба ҷанги озодихоҳона мубаддал гашт. Деҳқонони Анатолия аввалин қувваҳои мусаллаҳи револютсионӣ — дастаҳои партизанӣ («қувваҳои миллӣ») ташкил карданд. Пролетариат ҳанӯз камшумор ва камқувват буда, партияи худро надошт (Партияи Коммунистии Тур-кия соли 1920 ташкил ёфт). Ба Револютсияи  Камолӣ  буржуазияи миллии Анатолия роҳбарӣ мекард, ки он ба нигаҳдории истиқлолияти мамлакат ва ташкили давлати миллии турк манфиатдор буд. Сентябри 1919 Конгресси Сиваси ташкилоти миллии буржуазӣ (Ҷамъияти ҳимояи ҳуқуқ) маркази роҳбарияти револютсия — Комитети намояндатоиро бо сардории Камол Отатурк интихоб намуд. Охири 1919 Комитет Анқараро бошишгоҳи худ қарор дода, дар асл вазифаи ҳукумати муваққатии Туркияро иҷро мекард: 23 апрели 1920 Комитати намояндагон дар Анқара Маҷлиси бузурги миллии Туркия (МБМТ)-ро даъват намуд, ки он худро ҳукумати ягонаи қонунии мамлакат эълон кард. Нуфузи Ҳукумати султонӣ дар Ис-танбул ин вақт то андозае кам шуда буд. Кӯшиши вай барои тавассути қувваҳои худ фурӯ нишондани ҳаракати миллии озодихоҳӣ барор на-гирифт. Дар миёнаҳои соли 1920 давлатҳои империалистӣ тавассути армияи Юнон ба муқобили ҳукумати дар Анқара ташкилшуда ошкоро таҷовуаи мусаллаҳ сар карданд. Дар як вақт онҳо ба ҳукумати султони тазйиқ оварда, ба имзо гардидани сулҳномаи асоратовари Севр муваффақ шуданд. Армияи амалкунандаи Маҷлиси бузурги миллии Туркия МБМТ (аввали 1921 ташкил ёфт) амалиёти лашкари аҷнабиёнро боздошта, ба он зарбаҳо зад ва тирамоҳи 1922 хоки Туркияро пурра аз истилогарони аҷнабӣ озод кард. Ҳукумати Советӣ аввалин шуда Туркияи муборизро ба расмият шинохт ва ба он ёрии моддӣ ва маънавӣ-сиёсӣ расонда, марти 1921 бо он дар бораи дӯстӣ ва бародарӣ шартнома баст. Давлатҳои империалистӣ дар Кон-ференсияи Лозанна (1922—23) маҷбур шуданд аз сулҳномаи Севр даст кашанд ва истиқлолияти Туркияро эътироф кунанд. Дар рафти Револютсияи Камолӣ ва дигаргунсозиҳои минбаъда Туркия ба республикаи буржуазӣ мубаддал гашт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …