Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕНИЙ

РЕНИЙ

РЕНИЙ (лотинӣ КЬетиш), Rе, элементи химиявӣ аз гурӯҳи VII системаи даврин Менделеев; рақами атомиаш 75, массаи атомиаш 186,207. Рении табиӣ ду изотоп дорад: изотопи собити |иКе (37,07%) ва сустрадиоактивӣ шКе (Т72 == 10и сол). Ренийро ҳанӯз соли 1871 Дмитрий Иванович Менделеев пешгӯй карда бошад ҳам онро соли 1925 химикҳои немис И. ва В. Нодак аввалин бор ошкор намуда, аз номи дарёи Рейн (дар Германия) Рений номиданд.

reniy

Рений элементи камёфт буда, 7*10-в%-и массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Аз минералҳои Рений фақат оксид, сулфид ва сулфоренати мис (СиКе§4) маълуманд. Рений металли хокистарии равшан,  гудозиш 3180±20°Селсия, I ҷӯшиш 5900°Селсия, зичиаш 21030 килограмм/метр3; металли ниҳоят душворгудоз. Дар қабати беруниаш ҳафт электрон дорад            Дар ҳарорати муқаррарӣ дар ҳаво оксид намешавад, аммо ҳангоми гарм кардан дар ҳарорати 300—600°Селсия ва аз ин зиёд оксидҳои КеОэ, Кеа07 ҳосил менамояд. Бо нитроген ва карбон ба реаксия дохил намешавад. Дар ҳарорати баланд бо хлору фтор ва буғҳои сулфур ба реаксия рафта, КеС1д, КеҒ6, КеЗа ҳосил мекунад. Ишқорҳои гудохта Ренийро тез ҳал менамоянд. Бинобар душворгудоз буданаш аз Рений ва хӯлаҳои он асбобҳои электронӣ, термопараҳо, контактҳои электрӣ, асбобҳои дақиқ ва ғайра месозанд.  Хӯлаҳои Ренийро бо \У, Мо, Та дар техникаи кайҳонӣ «а авиасия истифода мебаранд. Худи Рений ва пайвастҳои он катализатори хуби просесси крекинги нефт мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …