Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕНЕТҲО

РЕНЕТҲО

РЕНЕТҲО (франсавӣ ге1пеКе), навъҳои зимистонаи себро гӯянд. Навъҳои серҳосил, меваашон хуштаъм, дер мепоянд. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР Ренеҳои Симиренко, ландсбергӣ, шампанӣ ва дигар хеле маъмулавд. Дар Осиёи Миёна махсусан ренети Симиренко (нигаред расм) машҳур аст. Ба Осиёи Миёна ин навъи себро дар ибтидои асри 20 аз кӯчатзори Лев Платонович Симиренко овардаанд.

renetho

Баъди 4—5 соли кӯчат шуданаш ҳосил медиҳад. Моҳи апрел гул мекунад. Мевааш сентябр— октябр мепазад. Вазни миёнаи мевааш 120—130 грамм, рангаш кабуди сабзтоб (баъди пухтан андак зардча), пӯсташ ғафс, доғҳои сафед дорад, сершира ва хуштаъм аст. Аз ҳар бехаш то 140 килограмм ҳосил мегиранд.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …