Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯИ ХОК

РЕАКСИЯИ ХОК

xok

РЕАКСИЯИ ХОК, хусусияти физикию химиявии хокро гӯянд, ки ба мавҷудияти ионҳои Н+ ва ОН— вобаста аст. Агар дар хок ионҳои Н+ афзалият дошта бошанд, Реаксияи хок турш мешавад; агар ионҳои ОН— зиёд бошанд —ишқорӣ; ҳангоми баробарии [Н+] ва [ОН—} Реаксияи  хок мӯътадил мегардад. Дараҷаи рН дар Реаксияи хокҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР аз 4 то 8,2 (нигаред Туршии хок) тағйир меёбад. Реаксияи хок  дар кӯчи (мигра- сияи) масолеҳи бодхури роли калон мебозад, илова ба ин қобилияти митрасионии пайвастҳои Ғе, Мп, 8г, Си дар муҳити турш ва пайвастҳои $1 ва А1 дар муҳити ишқорӣ зиёд мешавад. Реаксияи хок Р ба дараҷаи фаъолияти ҳаёти растанӣ таъсири калон мерасонад. Ҳангоми Реаксияи хоки турш бисёр растаниҳо аз зиёдии ионҳои[Н+] ва [А13+] зарар мебинанд. Бинобар ин ба хоки турш оҳак андохтан за- рур аст (нигаред Оҳакандозӣ). Хоки серишқор (шӯрхок, шӯрзамин) дорои консентрасияи баланди ионҳо[ОН~] буда, барои сабзишу инкишофи растанӣ ниҳоят номусоид аст. Бо нуриҳои органикӣ ба замин андохтани гач (нигаред Гачандозӣ) боиси мӯътадил шудани реаксияи ишқорӣ ва беҳтаршавии хусусиятҳои хок мешавад. Барои баҳои микдорӣ ба Реаксияи хок  додан аз нишондиҳандаҳои зерин истифода мекунанд: рН-и суспензиди хок дар об ё маҳлули КС1; кислотанокӣ б ишқорнокӣ ва ғайра. Нигаред ,нишондиҳандаи гидрогенӣ.

Адабиёт: С е р д о б о л ь с к и й И. П., Методы определения рН и окислительно- восстановительного потенциала при агрохимических исследования, дар китоби. Агрохимические методы исследовдния почв, Москва, 1960; Р о д е А. А., Смирнов В. Н., Почвоведения, Москва, 1972; К о в д а В. А., Основы учения о почвах, кн. 2, М., 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …