РАЗЗОҚОВ Карим (таваллудаш 15. 1.1929, деҳаи Қамишқурғони райони Ашт, вилояти Ленинобод), пахтакор, иштирокчии фаъоли ҳаракати коллективонӣ ва сохтмони колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотмиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1950. То соли 1954 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории колхози «Қизил Тоҷикистон», 1954—1955 инструктори Комитет партиявии райони Ворошиловобод (ҳоло pайони Қумсангир), 1955— 1958 ҷонишини раиси колхоз, 1959— 1960 котиби ташкилоти партиявии колхози ба номи А. А. Жданов, 1960— 1970 ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагии Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 37-и pайони Куйбишев ва аз соли 1970 сардори бригадаи пахта ва ғаллакори колхози ба гоми А. А. Жданови райони Қумсангир. Звенои Раззоқов соли 1947 ҳосили баланди пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совет Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
А. Тошев.