Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЗИН Иван Петрович

РАЗИН Иван Петрович

razin-i-p

РАЗИН Иван Петрович (таваллудаш 1922, вилояти Саратов), Каҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), лейтенант, аз оилаи коргар. То Ҷанги Буэурги Ватанӣ дар мактаби миёнаи № 1 (ҳозир номи ӯро гирифтааст) шаҳрт Панҷакент таҳсил кардааст. Разин ҳангоми ба фронт рафтан лётчики собиқ полки 639-уми ҳу­ҷумкунандаи ди­визияи 189-уми  авиатсионии Нижний Днестр буд.

Дар давраи амалиёти ҷангӣ дар Фронти 1-уми Наздибалтика ва Фронти 3- юми Украина барои нест кардани қувваи зинда ва техникаи душман 110 маротиба парвоз кардааст. Разин дар амалиёти назди Днестр қаҳрамонӣ нишон дод. Дар вақти парвози ҷан­ги 9 ДЗОТ, 2 танк, мошини сабукрав ва 6 тӯпи душманро нобуд кард. Разин ба муқобили группировкаи фашистон дар назди Дунай рӯзе 3—4 ма­ротиба парвоз намуда, 6 танк, 12 автомашина, 2 бронетранспортёр ва ғайраро аз кор баровард. Баъд аз ҷанг Разин ба шаҳри Краснодар баргашт ва ҳоло дар он ҷо зиндагӣ ва кор меку­над. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурх, Ҷанги Ватанӣ( дараҷаи I) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.:    Сечкина Л., Фарзандони шарафманди Тоҷикистон, Д.. 1968.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …