Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ АРХЕГОНӢ

РАСТАНИҲОИ АРХЕГОНӢ

РАСТАНИҲОИ АРХЕГОНӢ (Агсhegoniatae), растаниҳоеро гӯянд, ки узви модина (дар шакли архегоний) доранд. Растаниҳои архегониро аввалин шуда соли 1876 ботаники рус И. Н. Горожанкин ба як навъи мустақил ҷудо карда, лучтухмҳо, ушнашаклҳо ва сархасшаклҳоро ба ин навъ дохил намуд. Аксари ботаникҳо ин гурӯҳҳоро ба се навъи мустақил (ушнашаклқо, сархасшаклҳо ва лучтухмҳо) тақсим ме­кунанд.

arxeg

Дар Тоҷикистон намудҳои ҳар сеи ин хурӯҳҳо (аз ҷумла зиёда аз 400 намуди ушнашаклҳо, 20 намуди сархасшаклҳо ва 30 намуди лучтухмҳо) вомехӯранд. Баъзе Растаниҳои архегонӣ дар тиб ва хоҷагии халқ истифода мешаванд.

Ад.: Мейер К. И., Морфология и систематика высших растений, ч. 1, Ар- хегониальные растения, М., 1947; Тах- т а д ж я н А. Л., Высшие растения, т. 1, М.—Л.,      1956; Маматкулов У. К., Лиственные мхи Дарваэского Хребта, Д., 1975.

У. Қ. Маматқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …