ТИРУ КАМОН, рангинкамон, камони Рустам (Сом ё Баҳман), қавси қузаҳ, як ҳодисаи оптикиест, ки дар гумбади осмон дар намуди камони ҳарранга намоён мешавад. Он дар мавриди пардаи борониро (ки дар муқобили Офтоб воқеъ аст) равшан кардани Офтоб ба амал меояд. Маркази Тиру камон дар тарафи хати росте мехобад, ки он аз маркази қурси Офтоб ва чашми мушоҳид мегузарад (яъне дар нуқтаи муқобили Офтоб воқест (нигаред расм).
Қавси Тирку камон қисми доираеро мемонад, ки дар атрофи ин нуқта бо радиуси 42о кашида шудааст, тартиби рангҳои он ба тартиби рангҳои спектри Офтоб як хел аст ва одатан, аз берун сурх ва аз дарун бунафшаст.
Баъзан аз тарафи канори дохилӣ камонҳои дуюмини ранга намоён мешаванд, ки онҳо ба Тиру камони асосӣ ҳамҳудуданд. Қисми намоёни Тиру камон ба мавқеи Офтоб вобаста аст; агар Офтоб дар уфуқ воқеъ бошад, Тиру камон шакли нимдоираеро мемонад ва баробари баландшавии Офтоб қисми намоёни камон хурд шуда, ҳангоми ба 42о расидани баландии Офтоб (нисбат ба уфуқ) ҳодисаи Тиру камон ба охир мерасад. Ҳодисаи монанди Тиру камонро дар назди фаввора ва шаршараҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Он дар натиҷаи таъсири рӯшноии Моҳ ва манбаъҳои сунъии рӯшноӣ низ ба амал омаданаш мумкин аст.
Нахустин назарияи Тиру камонро Р. Декарт соли 1637 баён кард. Назарияи бештар саҳеҳи Тиру камонро соли 1836 астрономи англис Ҷ. Эри пеш ниҳод ва онро охири асри 19 геофизики австриягӣ Ч. М. Пернтер инкишоф дод. Ин назария ба ҳодисаҳои дифракция ва интерференцияи нури Офтоб дар панҷараи қатраҳои борон асос ёфтааст.