Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ ЗЕНИТӢ

РАКЕТАИ ЗЕНИТӢ

raketai-zeniti

РАКЕТАИ ЗЕНИТӢ, ракетаи идорашаваидаест аз синфи «замину ҳаво» барои нобуд кардани ҳадафҳои давоӣ. Ҷузъҳои асосии Ракетаи зенитӣ: планёр, василаҳои бортии ҳидоят, қисми зарбазани ракета ва дастгоҳи муҳаррик. Ракетаи  зенитӣ як, ду ё се зина дорад, вобаста ба ҷои старт рӯизаминӣ ва рӯикиштигӣ, аз рӯи суръати парвоз таҳтуссадо ва фавқуссадо мешавад. Дурии парвози ракетаҳои зенитии мавҷуда аз 0,5 то 700 км, баландии нишонрасӣ аз 15 то 30 км, массаи стартӣ аз 8 кг то 7,3 т, ҳадди суръ­ати парвоз аз 270 то 1600 м/сон аст. Ниг. низ Аслиҳаи ракетӣ, Ракета.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …