Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВА Ширинбибӣ

РАҶАБОВА Ширинбибӣ

РАҶАБОВА Ширинбибӣ (таваллуд 1921, деҳаи Оққӯрғопи райони Ленин), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947). Солҳои 1933—44 колхозчӣ, 1944—51 сардори звенои пахтакорӣ, 1951—59 колхозчии колхози ба номи Надежда  Константиновна Крупскаяи райони Ленин ва аз соли 1959 нафақахӯри шахсӣ. Звенои ӯ солҳои 1946—47 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …