РАҲОИИ ХОФӢ Мавлоно Саъдуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1575/76), шоири асри 16 форс- тоҷик. Аз авлоди орифи машҳур Зайнуддини Хофӣ (вафот 1435). Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Чун дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст, ӯро Раҳоии Ҳиравӣ низ гуфтаанд. Раҳоии Xофӣ шоири соҳибдевон буда, девонаш шӯҳрати зиёде доштааст. Мувофиқи ахбороти Саид Нафисӣ «Хамса»-и Низомиро тақлид карда. Дар китобхонаҳои ҷаҳон аз осори шоир чанд нусха дастнависи девони ғазалиёт ва қасоид ва як нусха достони «Лайли ва Маҷнун»-и ӯ қайд шудааст. Ин достон дар китобхонаи Бодлеан (Англия) маҳфуз аст. С. Асадуллоев.