РАҲОИИ САБЗВОРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Аз муосирони Тақии Авҳадист; дар тазкирааш — «Арафот-ул-ошиқин» маълумоти мухтасаре дар бораи ӯ дарҷ шудааст. Раҳоии Сабзворӣ дар навъҳои гуногуни шеър табъ намуда, махсусан дар ғазал ҳунари баланд нишон додааст.
Ӯ дар ғазалҳояш эҳсосоти наҷиби инсониро тараннум кардааст. Намунае аз ғазали Раҳоии Сабзворӣ:
Дил, ки бо доғи ту саргарм аст, марҳамдӯст нест,
Сар, ки фитроки туро хоҳад, ба гардан душман аст.