Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Абдусалом

РАҲИМОВ Абдусалом

rahimov-a

РАҲИМОВ Абдусалом (таваллуд 9. 1. 1917,( Ленинобод), актёр, режиссёри театр ва кинои тоҷик. Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1961). Соли 1941 факултети ак- тёрии ГИТИС (Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский шаҳри Москва) ва соли 1955 факултети таъриху филоло- гияи Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Солҳои 1941— 50 актер ва режиссёри Театри академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Дар ин муддат дар Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский низ ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1952—56 сармуҳаррири  редаксияи мусиқӣ ва адабии радиои республика, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Доираи фаъолияти эҷодии Раҳимов васеъ буда, аз нақҳои фоҷиавию мазҳакавӣ то хониши ашъорро дар бар мегирад. Дар театр ва кино Раҳимов бештар аз 50 нақш офаридааст: Лодовико («Отелло»-и У. Шекспир, 1941), Одина, Сафар («Калтакдорони сурх»-и Сотим Улуғзода, 1941), Абдурраҳмони Ҷомӣ («Алишер Навой»-и А. Ӯйғун ва И. Султон, 1948) ва ғайра. Фаъолияташ дар кино аз соли 1936 оғоз ёфтааст. Дар дубляжи филмҳо низ иштирок намуда, бештар аз ҳазор ролро овоз дода, ҳамчун режиссёр 120 филмро дубляж ва матни 75 филми бадеиро тарҷума кардааст. Дар кино образҳои зеринро офаридааст: Қурбон Саидов («Сарнагун гаштани аморат», 1955), шоир Муродӣ («Қисмати шоир», 1960), Абдулаҳадхон («Амалиёти «Кобра», 1960), Қозикалон («Марги судхур», 1965) ва ғайра. Раҳимов режиссёри филмҳои бадеии «Зумрад» (бо ҳамроҳии А. Давидсон, 1961; дар Кинофестивали байналхалқии Карлови-Вари —1963 сазовори дипломи махсус ва дар кинофестивали республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон — 1963 дипломи «Беҳтарин филм» гардид); «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1964), «Хокистари сӯзон» (1967), «Ситора дар торикистон» (бо ҳамроҳии И. Усов, 1973, сазовори мукофоти махсуси Кинофестивали байналхалқии мамлакатҳои Осиё ва Африка —1974) ва «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги дурудароз» (1975). Аъзои Правленияи Иттифоқи К Тоҷикистон. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Дӯстии Халқҳо ва медалҳо мукофотонида шудааст.

 

Ҳ. Ҳамроев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …