Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХИМОВ Абдусалом

РАХИМОВ Абдусалом

rahimov-a

РАХИМОВ Абдусалом (таваллуд 9. 1. 1917,( Ленинобод), актёр, режиссёри театр ва кинои точик. Артисти Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1961). Соли 1941 факултети ак- тёрии ГИТИС (Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский шахри Москва) ва соли 1955 факултети таъриху филоло- гияи Университети Давлатии Точикистонро хатм кард. Солхои 1941— 50 актер ва режиссёри Театри академии драмаи ба номи Абулкосим Лохути. Дар ин муддат дар Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский низ хунарнамои кардааст. Солхои 1952—56 сармухаррири  редаксияи мусики ва адабии радиои республика, рохбари бадеии Филармонияи давлатии Точикистон. Доираи фаъолияти эчодии Рахимов васеъ буда, аз накхои фочиавию мазхакави то хониши ашъорро дар бар мегирад. Дар театр ва кино Рахимов бештар аз 50 накш офаридааст: Лодовико («Отелло»-и У. Шекспир, 1941), Одина, Сафар («Калтакдорони сурх»-и Сотим Улугзода, 1941), Абдуррахмони Чоми («Алишер Навой»-и А. Уйгун ва И. Султон, 1948) ва гайра. Фаъолияташ дар кино аз соли 1936 огоз ёфтааст. Дар дубляжи филмхо низ иштирок намуда, бештар аз хазор ролро овоз дода, хамчун режиссёр 120 филмро дубляж ва матни 75 филми бадеиро тарчума кардааст. Дар кино образхои зеринро офаридааст: Курбон Саидов («Сарнагун гаштани аморат», 1955), шоир Муроди («Кисмати шоир», 1960), Абдулахадхон («Амалиёти «Кобра», 1960), Козикалон («Марги судхур», 1965) ва гайра. Рахимов режиссёри филмхои бадеии «Зумрад» (бо хамрохии А. Давидсон, 1961; дар Кинофестивали байналхалкии Карлови-Вари —1963 сазовори дипломи махсус ва дар кинофестивали республикахои Осиёи Миёна ва Казокистон — 1963 дипломи «Бехтарин филм» гардид); «Дувоздах соати хаёт» (1964), «Хокистари сузон» (1967), «Ситора дар торикистон» (бо хамрохии И. Усов, 1973, сазовори мукофоти махсуси Кинофестивали байналхалкии мамлакатхои Осиё ва Африка —1974) ва «Вохурихои кутох дар чанги дурудароз» (1975). Аъзои Правленияи Иттифоки К Точикистон. Бо орденхои Байраки Сурхи Мехнат, «Нишони Фахри», Дустии Халкхо ва медалхо мукофотонида шудааст.

 

Х. Хамроев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.