Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМБОЕВ Абдуқодир

РАҲИМБОЕВ Абдуқодир

РАҲИМБОЕВ Абдуқодир (1894, Хуҷанд—1953, Ленинобод), иштирокчии фаъоли мубориза барои барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ. Аз оилаи камбағал. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1918. Иштирокчии шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд. Соли 1917 дар заводи паровозсозӣ ва ширкати электрии Харков кор кард. Дар рӯзҳои  Револютсияи феврали 1917 дар қатори коргарони заводи мазкур дар митингу намоишҳои калони майдонҳои Павловский ва Николаевский иштирок намуд. Ҳамон сол ба Хуҷанд баргашта, дар тайёр кардан ва гузаронидани Револютсияи Октябр ҳисса гузошт. Дар солҳои муборизаи пурошӯб барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар уезди Хуҷанд дар органҳои милитсия кор кард. Соли 1920 сардори Шӯъбаи милитсияи Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро таъин гардид. Дар торумор кардани дастаҳои босмачиёни Эшонқул ва Абдуллохонтӯра фаъолона иштирок намуд. Баъди ташкил ёфтани республикаҳои Осиёи Миёна Раҳимбоев дар корҳои роҳбарикунандаи хоҷагӣ буд.

А. Кодиров, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …