Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОПРИЁМНИК

РАДИОПРИЁМНИК

РАДИОПРИЁМНИК (аз радио… ва приёмник — қабулкунанда), ҷиҳозест, ки якҷоя бо антенна радиосигналҳо ё радиоафканишоти табииро қабул карда, тақвият медиҳад ва ахбороти онро барои истифода омада мекунад. Радиоприёмникҳо дар радиошунавонӣ, телевизиои, алоқа, радиоло­катсия (ниг. Стансияи радиолокатсионӣ) ва ғайра истифода мешаванд. Радиоприёмникҳо вобаста ба таъинот, усули қабул кардани радиомавҷҳо, намуди кор, усули модулятсия, диапазони радиомавҷҳои қабулшаванда, усули таъмин бо энергия ва ғайра гуногунанд.

radiopriyomnik

Радиоприёмник вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: селекксияи басомадҳо — аз ҳамаи спектри радиобасомади лаппишҳои электромагнитии ба антенна воридшаванда ҷудо кардани ҳа­мон қисмаш, ки ахбори матлубро дар бар дорад; пурқувваткун ӣ — афзун кардани энергияи лаппишҳои сусти қабулшуда то ба андозаи қобили истифода гардидани онҳо; детектиронӣ — ба лаппишҳои электрик ҳомили ахбор табдил додани лаппишҳои қабулгардидан модулятсияшуда. Ин вазифаҳо аз тарафи занҷирҳои резонансии селективӣ — басомадӣ (контурҳои лаппиш, резонаторҳои ҳаҷмӣ, филтрҳои электрӣ), ки ба басомадҳои матлуб соз карда мешаванд, пурқувваткунандаҳои лаппишҳои электрӣ ва де-текторҳои таркиби Радиоприёмник иҷро мегарданд. Нишондиҳандаҳои асосии ко­ри Радиоприёмник инҳоанд: ҳассосӣ — қобилияти қабул карда тавонистани ра­диосигналҳои суст; селективӣ — қобилияти аз лаппишҳои номатлуб (халалҳо) ҷудо карда гирифтани сигнали муфид; стабилӣ—қобилияти муддати дароз бе амалҳои иловагии дастӣ (масалан, танзим кар­дан, тофтани гӯшакҳо ва ғайра) қабул карда тавонистани радиосигналҳо. Ҳозир Радиоприёмникҳои лампагии навъи супергетеродин ва Радиоприёмникҳои нимноқилӣ (транзисторӣ), ки хеле ҳассосанд, бештар маъмуланд. Ниг. Радиопередатчик, Радиоприёмники транзисторӣ, Радиотехника.

Ад.: Чистяков Н. И., Сидоров В. М. Радиоприёмные устройства, М., 1974.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …