РАДИОГЕОЛОГИЯ, геологияи ядро, як фасли геологияро гӯянд, ки қонунияти тағйирёбии табиии ядрои моддаи Замин ва дар просессҳои геологӣ зуҳур ёфтани онро меомуӯзад. Истилоҳи Радиогеологияро соли 1937 В. И. Вернадский ба илм дохил вамуд. Радиогеология бо физикаи ядро, геохимия ва космохимия алоқаманд аст. Он ба Радиогеологияи аслӣ, геологияи изотопҳо ва геохронологияи мутлақ тақсим мешавад. Радиогеологияи аслӣ тамоми просессу ҳодисаҳои геологиро дар бар мегирад, ки онҳо бо коҳиши радиоактивӣ алоқаманданд. Радиогеология эволютсия ва вариатсияи таркиби изотопии элементҳои табииро меомӯзад. Аз рӯи суръати коҳиши радиоактивӣ синни мутлақи минералҳою ҷинсҳои кӯҳиро муайян мекунанд ва дар ҳамин асос пайдарҳамии просессҳои геологиеро, ки дар таърихи геологии Замин рӯй додаанд, муқаррар менамоянд. Радиогеология инчунин таносуби просессҳои коҳиши радиоактивии қишри Замин, ташкили асосҳои илмии усулҳои радиометрии ҷустуҷӯ ва иктишофи кони сарватҳои зеризаминӣ ва аз таъсири шуоъафкании кайҳонӣ дар қишри Замину атмосфера рӯй додани реаксияи ядроиро меомӯзад. Аз руи ин хусусиятҳояш Радиогеология бо космогония қаробат дошта, оид ба синни Замин, элементҳои он ва синни метеоритҳо маълумот медиҳад.
Ад.: В е р н а д с к и ӣ В. И„ О значении радиогеологии для современной геологии, Иэбр. соч., т. 1, М., 1954;
Войтксвич Г. В., Проблемы радиогеологии, М., 1961.