РАБЕӢ ибни Садруддин Хатиби Пушангӣ (соли таваллудаш номаълум — вафотат 1306, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. «Рабеӣ» тахаллуси шоириаш буда, бо номи Ибни Хатиб низ маъруф аст. 17 сол дар хидмати дарбор буд. Сипас ба сабаби низоъҳои дарбор аз хидмат даст кашида, ба Қазистон, Нишопур ва Ироқ сафар намуд. Вале ӯро бо ҳила боз ба хидмати дарбор кашида, ба ҳабс гирифтанд. Дар зиндон вафот кард. Ба қавли тазкиранигорон Рабеӣ қасоиди зиёд ва бо номи «Куртнома» (дар баҳри мутақориб ба сабки Фирдавсӣ) ва «Корнома» манзумаҳо доштааст, ки абёти парокандаи онҳо тавассути тазкираву баёзҳо дастрасанд. Чанде аз матолиби «Куртнома», ки аз таърихи хонадони Курт (Карт), баҳс мекунад, дар асарҳои таърихӣ иқтибос шудааст. Ад.: Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, Д.. 1975.