Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКӢ

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКӢ

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКӢ, муассисаи тадқиқоти ил­мии АФ СССР. Дар доманакӯҳи шимолии қаторкӯҳҳои Кавказ, дар pайони Зе­ленчуки Вилояти Автон. Қарочаю Чер­кас соли 1960 таъсис ёфтааст. Калонтарин маркази илмии мамлакат дар соҳаи таҳқиқи астрофизикӣ ва радиоастрономӣ.

ra-m-a

Афзори асосиаш: калонтарин дар ҷаҳон телескоп — рефлектори оптикии диаметри оинаи асосиаш 6 м, ки дар баландии 2070 м воқеъ буда, соли 1975 ба кор даромадааст; радио­телескопи муштарак вазифаи бисёрпрограммадори «РАТАН-600» (ан­теннаи профилаш тағйирёбандаи калонтарин дар ҷаҳон) барои мушоҳидаи радиоастронома дар мавҷҳои 8 мм—30 см, ки масоҳати геометриаш то 14 ҳазор м2 мерасад, дар балан­дии 970 м воқеъ буда, соли 1975 ба истифода дода шудааст; ду теле­скоп — рефлектори 60 сантиметра, Маркази ҳисоббарорӣ ҳам дорад.

Ҷанбаҳои асосии тадқиқоти ил­мии Расадхонаи махсуси астрофизикӣ: омӯхтани ситораҳои ғайристатсионарӣ, қӯшаситораҳои ҷафс, ситораҳои ҷавони калонмасса ва магнитӣ, космологияи мушоҳидавӣ; тадқиқи радиоастрономии Офтоб, сайёраҳо ва радифони онҳо, муҳити байниситоравӣ ва таркиби Галактика; дарёфтан ва омӯхтани объектҳои нави кайҳони, ба таври комплексӣ омӯхтани сохт ва тақаввули объектҳои берунигалактикӣ (дар диапазони оптикӣ, инфрасурх, радио диапазон), тадқиқи таркиб ва динамикаи системаҳои галактикаҳо, космология.

Филиали Расадхонаи махсуси астрофизикӣ, ки дар Ленинград (Пулково) воқест, дар соҳаи радиоастрономия тадқиқот мебарад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …