Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН (1978-79), револютсияи халқии зиддиимпериалистӣ ва зидди мутлақият, ки дар натиҷаи тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат, талаву тороҷ гардидани боигарии миллӣ аз тарафи империалистони хориҷӣ, сиёсати дохилии иртиҷоӣ ва милитаристии шоҳ ба амал омадааст. Доираҳои ҳукмрони мамлакат бо сардорни шоҳ боигарии мамлакат-ро ғорат карда, бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка иттифоқи ҳарбӣ бастанд, ба блоки СЕНТО дохил шуда, ба мусаллаҳшавии мамлакат маблағи зиёд сарф мекарданд. Дахолати Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба корҳои дохилӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Эрон боиси бад шудани вазъияти иқтисодии Эрон ва тобеи капитали хориҷӣ шудани он гардид. Қарзи давлатӣ аз давлатҳои хориҷа меафзуд (аввали соли 1978—5 миллиард доллар). Дар арафаи револютсия нархи молҳои сермасриф 150% баланд шуда, нархи манзилгоҳ нисфи маоши коргаронро ташкил мекард. Монополияҳои хориҷа мавқеи буржуазияи миллиро суст намуд, ки дар натиҷаи он молҳои Эрон бо молҳои ширкатҳои хориҷӣ рақобат карда на-тавониста, соҳибони корхонаҳои хурду миёна хонахароб мешуданд.

r-iran-1979

Сиёсати иртиҷоии шоҳ, вайрон карда шудани қонунҳои давлатӣ, маҳдудии озодиҳои демократӣ, вусъати фаъолияти полисияи махфии сиёсӣ — «Созмони амният ва иттилооти кишвар» (САВАК), дуздӣ, ҳаннотӣ, ришвахӯрии олимансабони давлатӣ боиси қаҳру ғазаби оммаи васеъ гардид.

Қонуни асосӣ (1908—07) ба рӯҳониён ҳуқуқ дод, ки аз болои ор-ганҳои қонунгузор шӯрои назорат ташкил намоянд. Бар хилофи ин қонун шоҳ мекӯшид фаъолияти рӯҳониёнро зери назорат гирифта, онро маҳдуд кунад, худи онҳоро бошад, ҳамчун воситаи пойдор гардонидани мавқеи худаш истифода барад. Дар натиҷа рӯҳониёи аз сиёсати шоҳ норозӣ шуда, дар вазъияти болоравии ҳаракати револютсионӣ, таҳти сарварии оятулло Хумайнӣ ба қувваи сиёсӣ табдил ёфтанд. Хумайниро ташкилоти дигари мухолифи шоҳ «Ҷабҳаи миллӣ» (бо роҳбарии Карим Санҷобӣ) дастгирӣ кард. Ҳизби тӯдаи Эрон аввалин шуда масъалаи сарнагун сохтани мутлақиятро ба миён гуазшт. Ин шиорро ташкилоти «Созмони муҷоҳиддини халқ» ва дастаҳои мусаллаҳи «Черикҳои фидоии халқ» дастгирӣ намуданд. Дар ибтидои Револютсияи Эрон ташкилоти «Ҳизби ҷумҳурии исломӣ» таъсис ёфт, ки ба он пайравони Хумайнӣ дохил мешуданд. Дар шаҳрҳои Қум ва Табрез 8—9 январ намоишҳои биёрҳазорнафараи студентон ва рӯҳониён ба амал омада, ба зудӣ тамоми мамлакатро фаро гирифтанд, ки онҳо аз оғози Револютсияи Эрон дарак медоданд. Намоишҳо то тирамоҳи 1978 шаҳрҳои Теҳрон, Табрез, Исфаҳон, Обо-дон ва дигар марказҳои маъмуриро фаро гирифт, ки дар онҳо ҳазорҳо ҳунармандон, коргарон, зиёиён, тоҷирон, хизматчиён (намояндагони буржуазияи хурду миёна), муздурон, деҳқонони хонахаробшуда, бе-навоён ва дигарон иштирок доштанд. Онҳо беҳтар кардани шароити иқтисодӣ, риоя намудани қонуни асосӣ, ҷорӣ кардани озодиҳои демократӣ, хотима додан ба худсарию ришвахӯрии амалдорони давлатӣ  ҳимояи манфиатҳои миллиро талаб мекарданд. Байни намоишгарон ва армия задухӯрд сар шуд. Маросими дафни шаҳидони аввалин ба намоиши умумихалқӣ мубаддал гашт. Рӯҳониён дар бозор ва масҷидҳо мардумро ба сарнагун сохтани тартиботи шоҳ даъват мекарданд. Баҳору тобистони 1978 қаҳру ғазабӣ омма боз ҳам афзуд. Ҳукуматдорони Эрон ба муқобили ҳаракатҳои  халқӣ аслиҳа ба кор бурданд. Аз ҷумла, 9 августи 1978 гумоштагони шоҳ дар кинотоатри «Рекс”-и шаҳри Ободон ҳангоми намоиши филм дарҳоро баста биноро оташ заданд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар тамошобин ҳалок шуд. Ҷавобан ба ин воқеаи ҳузнангез дар тамоми шаҳрҳо намоишҳои эътирозӣ ба амал омаданд. 27 август ҳукумати Ҷамшед Омӯзгор маҷбур шуд истсъфо диҳад. Ҳукумати нави Шариф Имомӣ бо умеди наҷоти салтанат эълон кард, ки минбаъд ба маҷлису намоишҳо, ташкили партия ва ташкилотҳои «қонунӣ» иҷозат дода, маоши хизматчиён, зиёд ва олимансабони ришвахӯр  ҷазо дода хоҳанд шуд. 4 сентябри 1978 Ҳизби тӯдаи Эрон шиорҳои конкретии ҷорӣ кардани озодиҳои демократӣ, авфи умумӣ ба маҳбусони сиёсӣ, бекор намудани ҳамаи қонунҳои зидди-халқӣ ва вожгун намудани салтана-ти Паҳлавиён ва ғайраро ба миён гузошт. 7 сентябр дар 12 шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон шуд, ки ои боиси боз ҳам авҷ гирифтани намоишу корпартоиҳо гардид.

18 декабри 1978 дар натиҷаи корпартоии коргарон истеҳсоли нефть қатъ гардид. Намоишҳои эътирозӣ армияро низ фаро гирифта, дар як қатор шаҳрҳо аскарон ба тарафи халқ гузаштанд. Намоишҳои зиддиҳукуматӣ вусъат ёфта, то 8 январи 1979 тамоми мамлакатро фаро гирифт. Иштирокчиёни намоиш боисрор талаб мекарданд, ки шоҳ фавран аз тахт даст кашида, Эронро тарк кунад. 13 январ бо таклифи Хумайнӣ «Шӯрои инқилоби исломӣ» таъсис ёфт, ки ба зиммаи он тайёрии ташкили ҳукумати нав ва эълон кардани респуб-ликаи исломнӣ гузошта шуд. Дар мамлакат бартарии қувваҳои халқ баръало ҳис карда мешуд. Шоҳ маҷбур шуд бо баҳонаи «истироҳат»

16 январ Эронро тарк намояд. Қувваҳои револютсионӣ муборизаро ба муқобили гумоштагони шоҳ ва империализми Штатҳои Муттаҳидаи Америка давом доданд. Дар натиҷаи муборизаи мусаллаҳ 10—11 феврали 1979 Револютсияи Эрон ғалаба кард. Қасри шоҳ, муассисаҳои давлатӣ, радио, телевизион ишғол карда шуданд. Ҳукумати Шопур Бахтиёр ва парламент пароканда шуда, Ҳукумати муваққатӣ ташкил ёфт.

30—31 марти 1979 Ҷумҳурии исломии Эрон эълон карда шуд. Револютсияи Эрон мутлақиятро сарнагун сохта, ба мавқеи империализм (пеш аз ҳама Штатҳои Муттаҳидаи Америка), буржуазияи компрадор зарба зада, барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва сиёсии Эрон рох кушод.  Т. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …