РЕЖИМИ ҲАРОРАТИ ХОК, низоми ҳарорати хок, бо мурури замон тағйир ёфтани дараҷаи гармии хок. Афканишоти Офтоб манбаи асосии гармие мебошад, ки хок мегирад. Ҳолати гармии хокро ҷараёни ивазшавии гармӣ аз рӯи системаи зерин муайян мекунад: қабати ба рӯи замин наздики ҳаво — растанӣ—хок—ҷинсҳои кӯҳӣ. Наботот таъсири афканишоти офтобро ба сатҳи хок, қабати барф бошад, сардшавии онро дар зимистон суст мекунад. Суръат ва самти ҷараёни гармиро аз рӯи равишу андозаи ҳарорат ва гармиғунҷоиш, гармӣ ва ҳароратгузаронии хок муайян мекунанд. Режими ҳарорати хок сикли асрӣ, бисёрсола, солона, шаборӯзӣ дорад, ки бо ивазшавии низоми инсолятсионӣ ва шуоъафканӣ алоқаманд аст. Тағйирёбии ша-борӯзии ҳарорати хок дар қабати 0,2—1 метр, солона бошад, дар қабати то 10—20 метр ба вуҷуд меояд. Режими ҳарорати хок асосан аз таъсири иқлим ташаккул меёбад, вале ҷиҳатҳои хосе низ дорад, ки бо ҳолати теплофизикии ҳам хок ва ҳам қабати ҷинсҳои зери он алоқаманд аст. Режими ҳарорати хок ба сабзиш ва инкишофи наботот бевосита таъсир мерасонад. Барои идора кардани Режими ҳарорати хок мелиорасияи гармидиҳӣ (зичии кишт, соядиҳӣ ва нармкунӣ, пӯ-шиши плёнкавӣ, мулчиронӣ, гармидиҳии сунъӣ ва ғайра)-ро ба кор мебаранд.
Адабиёт: Шульчин А. М.. Температурный режим почвы, Ленинград, 1957; Д и м о В. Н., Тепловой режим почв Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1972.