Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ АБАСТУМАН

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ АБАСТУМАН

abastumani_14715217071

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ АБАСТУМАН, муассисаи тадқиқоти илмии АФ Гурҷистон. Соли 1932 дар маҳаллаи Абастумаи таъсис ёфт, соли 1937 ба кӯҳи Канобили (баландиаш 1650), ки дар ноҳияи Абастумаи воқест ва ҳавояш басо софу беғубор аст, кӯчонда шуд. Асоситарин афзори астрономиаш: телескопи менискии 70-см, рефрактори 40-см, рефлектори 1,25-м бо идораи программавӣ, рефлектори 48-см, телеско­пи Шмидт ва дигар камераҳои фотографӣ, телескопи хромосферӣ, теле­скопи офтобӣ, коронограф, комплек­си асбобҳои спектрӣ барои таҳқиқи шафақу партави осмон ва ғайра. Ҷанбаҳои асосии тадқиқот: бо ёрии методҳои колориметрия, спектроскопия ва астрометрияи фотографӣ омӯхтани структураи Галактика; тадқиқи динамикаи ситораҳо; таҳқиқи электрофотометрӣ ва спектрофото­метрии ситораҳои тағйирёбанда ва ғайристатсионарӣ; электрополяриметрияи Моҳу сайёрагон; умури Оф­тоб ва омӯхтани соҳаҳои фаъоли он; омӯхтани сохти физикӣ ва химиявии атмосфераи болоии Замин. Каталоги қадри ситоравӣ, нишондиҳандаи ранг, спектр, равшаноии ситораҳоро нашр намудааст. Астрофизикаи расадхона 2 комета, сайёраҳои хурд, 4 ситораи нав ва як ситораи навтарин, 12 туманоти сайёравӣ, 3 тарокуми ситоравӣ, садҳо ситораҳои эмиссиониро кашф кардаанд. Дар Расадхонаи астрофизикии Абастуман бештар аз 90 ҳазор негативҳои расадӣ маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …