Маълумоти охирин

ПУРСИШ

ПУРСИШ, дар мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ амалиёти тафтишотӣ ё судиест, ки барои гирифтан ва қайд намудани маълумотҳои дадонии ба ҳолатҳои кор вобаста гузаронида мешавад. Мувофиқи қонунгузории советӣ дар тафтишоти пе­шакӣ ба Пурсиш фақат шахсони масъул — коркунони органҳои тадқиқ, муфаттиш ва прокурорҳо ва дар муҳокимаву мурофиаи судию граж­данӣ бошад, танҳо суд ҳақ доранд. Дар вақти Пурсиш шахси шубҳанок, гуноҳкор, шоҳид ё ҷабрдида проку­рор, муфаттиш ё барандаи тадқиқи ибтидоӣ бо огоҳии пешакӣ овози шахси пурсидашавандаро навишта метавонанд. Қонун даъват кардан ва пурсидани шахси гумонбаршударо пешбинӣ мекунад. Ҳангоми Пурсиши айбдоршавандаи ноболиғ (то 16-сола) бо розигии муфаттиш, прокурор ва бо хоҳиши ҳимоячӣ педагог метавонад иштирок карда, ба айбдоршаванда савол диҳад ва бо протоколи пурсиш шинос шавад. Ба таври зӯрӣ, маҷбурӣ, таҳдид ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ гузаронидани Пурсиш манъ аст. Шоҳидон ҷудо-ҷудо пурсида мешаванд. Доир ба ҳар як Пурсиш протоколи алоҳида тартиб дода, шаҳодати шоҳидро пурра навишта мегиранд. Баъди Пурсиш протоколи он барои шиносшавӣ ва имзо ба шоҳид пешниҳод мешавад. Дар қонунгузории ҳозираи давлатҳои буржуазӣ приннсипҳои демокра­тии Пурсиш (шоҳидии ихтиёрӣ, манъ будани истифодаи зӯрӣ, воситаҳои дигари маҷбурсозӣ ва ғайра) фақат зоҳиран вуҷуд доранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …