Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУНТУСОВ Константин Василе­вич

ПУНТУСОВ Константин Василе­вич

puntusov

ПУНТУСОВ Константин Василе­вич (таваллудаш 1906, шаҳри Алмаато, РСС Қазоқистон), гидротехник, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1951). Аъзои КПСС аз соли 1951. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945).

Солҳои 1927—1950 дар муассисаву корхонаҳои гуногуни Тошкент, Фарғона, Андиҷон. Сталинобод, Ӯротеппа, Пролетар, Исфара, Мастчоҳ, Хуҷанд ва ғайра челонгар, статистик, устои роҳсоз, техник ва гидротехник буд. Солҳои 1951—1964 сардори системаи обёрии Оқсу (Нов) ва аз 1964 гид­ротехники участка. Пунтусов солҳои 1950— 1951 ҳамчун роҳбари хоҷагии оби райони Пролетар кори сохтмон, таъмири иншоот ва шабакаи ирригатсиониро хуб ба роҳ монда, дар бобати бо об пурра таъмин намудани пахтазор ва рӯёнидани ҳосили фаровони пахта саҳми калон гузоштааст. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …