Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатолевна

ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатолевна

pugachyonkova-g

ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатол­евна (таваллудаш 6. 2. 4815, Верний, ҳозира Олмаато), санъатшинос ва археоло­ги советӣ. Акад. АФ РСС Ӯзбекистон (1984; аъзо-корр. аз 1968), доктори санъат­шиносӣ (1959), профессор (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Ӯзбекистон (1964), доктори фахрин Университеи Отрасбург (1976). Аз оилаи инженер. Аъзои КПСС аз соли 1942. Соли 1937 Институти индустриалии Осиёи Миёнаро хатм кард.            Солҳои 1946—1948 ходими         калони илмии Институти дастхатҳои шарқии АФ РСС Ӯзбекистон, 1958—1984 ходими калони илмии Институти санъатпшносӣ, аз соли 1985 академик-котиби Шӯъбаи ҷамъиятшиносии АФ РСС Ӯзбекистон, аъзои Комитети советӣ оид ба нигаҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои хушманзар дар назди ЮНЕСКО, иштирокчии як қатор конгрессҳои байналхалқист. Ба бисёр экспедитсияҳои археологӣ роҳбарӣ карда, дар Холчаён, Дилварзин ва ғайра ҳафриёт гузаронид ва ёдгориҳои қадимаи санъатро ошкор намудааст. Тадқиқоти ӯ ба ҳалли масъалаҳои таърихӣ санъати давраҳои қадимаи Осиёи Миёна оид аст. Пугачёнкова муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ мебошад. Лауреати Мукофоти республикавии ба номи Ҳамза (1956). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Искусство Афганистана. Три этю­да, М„ 1963′ Халчаян. К проблеме ху­дожественной культуры Севернҷй Бактрии, Ташкент, 1966; Самарканд. Бухара, М., 1968: Скульптура Халчаяна. М., 1971; искусство Бактрая эпохи кушан, М., 1979; Очерка искусства Средней Азии, М., 1983 (ҳамроҳа Л. И. Гемпел).

Ад.: Малабанд С. Д.. Биобиблиографический словарь советских восто­коведов, М , 1977.

А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …