Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУЧЧИНИ Ҷакомо

ПУЧЧИНИ Ҷакомо

puccini

ПУЧЧИНИ (Puccini) Ҷакомо (22. 12. 1858, Лукка — 29.11,1924, Брюс­сел), бастакори италиявӣ. Яке аз давомдиҳандагони анъанаи реалистӣ дар операи италиявӣ ва саромади веризм (ҷараёии реалистӣ дар адабиёт, мусиқӣ ва санъати тасвирии Италияи охири асри 19). Консерваторияи Ми­ланро хатм намудааст (1883). Операҳои «Макон Леско» (аз рӯи асари А. Ф. Прево, 1893), «Богема» (аз рӯи асари А. Мюрже, 1896), «Тоска» (аз рӯи асари В. Сард, 1900), «Хонум Баттерфляй» (аз рӯи асари Д. Беласко,       1904, дар Россия бо номи «Чио-Чио-сан» машҳур ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Пуччини дар ин операҳо кӯшидааст ҳақиқати ҳаётро бо тамоми тезиву тундиҳояш инъикос намояд. Операҳои «Духтаре аз Мағриб» (аз рӯи асари Беласко, 1910), «Парасту» (1917), «Триптих» (1918) низ аз ҷумлаи асарҳои барҷастаи Пуччини ба шумор мераванд. Опе­раи охирини Пуччини  «Тураидот»-ро (аз рӯи асари К. Готси, 1921—1924) баъди фавти Пуччини бастакор Ф. Алфано ба анҷом расондааст. Қаҳрамонҳои асосии операҳои Пуччини ҳанҳое мебошанд, ки дар роҳи ишқ ба ҳама гуна қурбониҳо тайёранд. Пуччини ҳамчун навовар равияи эҷодии Ҷ. Вер­диро инкишоф дода, услуби речитативӣ-ариозии барои операи ита­лиявӣ навро офарид, ки ҳоло яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини операи европоӣ гардидааст. Дар саҳнаи театри академии давлатии опера ва балети ба номи С. Айнии РСС Тоҷикистон операҳои «Тоска» (1950), «Чио-Чио- сан» (1950) ва «Богема» (1969) -и П. гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …