Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОТОКОЛ

ПРОТОКОЛ

ПРОТОКОЛ (аз юнонӣ protokollon — варақи аввал), 1) ҳуҷҷате, ки дар он баромади иштироккунандагони маҷлису ҷамъомад ва қарори онҳо дарҷ мегардад; 2) дар СССР ҳуҷҷати расмӣ, ки дар он кирдорҳои маъмурӣ, рафт ва натиҷаи амалиёти мурофиавӣ дар вақти тафтиши кори ҷиноятӣ, рафт ба мазмуни мурофиаи суд қайд карда мешавад.

zabon

Протоколи маъмурӣ аз тарафи шахсони ваколатдор (масалан, коркунони милитсия, инспекторҳои санитарӣ ва ғайра) ё намояндагони ҷамъиятӣ (на­зоратчиёни ҷамъиятӣ) тартиб дода мешавад. Дар Протокол маълумот доир ба шахсияти айбдор, хусусият, ҷой, вақти рӯйдоди ҳуқуқвайронкунӣ ва шоҳидон дарҷ гашта, шахси гуноҳи маъмурӣ содиркарда, шоҳидон, ҷабрдидагон, тартибдиҳандаи Протокол ба он имзо мекунанд.

Протоколи амалиёти тафтишӣ аз тарафи муфаттиш ё шахсе, ки тафтиши пешакӣ мебарад, тартиб дода мешавад. Дар ин гуна Протокол ҷой, вақт, аз тарафи кӣ, дар куҷо, бо иштироки кӣ гузаронида шудани амалиёти тафтишӣ (масалан, пурсиш, кофтуков, рӯбарӯкунӣ) қайд мегардад. Протоколро ҳамаи иштирокчиёни амалиёти таф­тишӣ хонда имзо мегузоранд.

Протоколи маҷлиси суд аз тарафи котиби маҷлиси суд навишта, тавассути раисикунанда ва котиби маҷлиси суд имзо мешавад. Дар Протоколи маҷлиси суд ҷой ва санаи маҷлис, вақти саршавию баохиррасӣ ва ҳайати суд, котиб, тарҷумон, айбдоркунанда, ҳимоякунанда, судшаванда, ҷабрдида даъвогари гражданӣ ва ғайра нишон дода мешавад. Рафти пурсишро дар мурофиаи суд ба лентаи овоз навишта, фонограммаро ба Протоколи маҷлиси суд илова кардан мумкин аст. Протоколи маҷлиси суд бояд баъди тамом шудани маҷлиси суд аз 3 рӯз дер намонда тайёр ва имзо карда шавад; 3) ҳуҷҷате, ки аз тарафи шахси мансабдор дар асоси далелҳои муайяншудаи тафтиш тартиб дода мешавад; 4) ҳуҷҷати қарори Конференсияи байналхалқӣ, ки ба ҳукми шартномаи байналхалқӣ ме­дарояд.

5) Протоколи дипломатӣ, маҷмӯи қоидаҳои аз тарафи умум қабулшуда, анъана ва расму таомуле, ки ҳукуматҳо, идораҳои корҳои хориҷӣ, намояндагиву коркунони дипломатӣ ва дигаршахсони расмӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ риоя мекунанд. Протокол тартиби тафтиш, мукотибаи дип­ломатӣ, гузаронидани маҷлисҳои қабули дипломатиро муайян намуда, тарзи дар мамлакат пазируфтани сардори давлат ва ҳукумати хориҷӣ, дигарходимони давлатӣ ва ҳайати вакилонро муқаррар мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …