ПРОСЕНКО Александр Иванович (23.10.1909), артисти балети советии рус, балетмейстер, Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1945), Арт. Халқи РАСС Каб. Балқ. (1964). Аъзои КПСС аз соли 1945. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи хореографии Москва (устодонаш Е. И. Долинская, С. В. Чудинов ва П. И. Тарасов) дар группаи балети Театри Калони СССР кор кард (1930—1939). Солҳои 1939—1951 солист ва сарбалетмейстери Театри опера ва балети тоҷик буд. Дар инҷо ҳайати эҷодии миллиро ташкил карда, рақсҳои классикӣ ва замонавиро ёд дод. Солҳои 1951—1956 балетмейстери Филармонияи давлатии Москва, 1956— 1958 сарбалетмейстери Театри опера ва балети Молдавия ва 1960—1972 Театри мусиқии Кабардаю Балқар. Дар саҳнаи тоҷик балетҳои «Эҳтиёткории беҳуда» Л. Ж. Геролд (1943), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Б. Асафев (1945), «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский (1947), «Золушка»-и С. С. Прокофев (1949), дар Театри опера ва балети Молдавия «Фаввораи Боғчасарой» ва «Эҳтиёткории беҳуда», дар Театри мусиқии Кабардаю Балқар балетҳои «Лялютса» ва «Даханаго»-и Коган (1964, 1966), «Аминат» (1967), «Эсмералда»-и С. Пуниро (1969) гузоштааст. Просенко рақсҳои намоиши мусиқии «Лола»-и С. Баласанян ва С. Урбах, операҳои «Шӯриши Восеъ» ва «Кован оҳангар»-и С. Баласанян, «Тоҳир ва Зуҳро» ва «Арус»-и А. Ленский, инчунин дар Филармонияи давлатии Тоҷикистоп як қатор рақсҳои алоқидаи миллиро таҳия намудааст. Ӯ дар тавлид ва ташаккули балети тоҷик, тартиби анъанаҳои пешқадами маданияти хореографии рус ва тарбияи нахустин раққосони миллии балети тоҷик саҳми калон гузоштааст.
Н. Нурҷонов.