Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС

ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС

ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС, қисми таркибии программам умумии Партияи коммунистӣ, ки вазифаҳои асосии партияро аз рӯи масъалаи аграрӣ муайян мекунад. Дар давраи тайёр карданн револютсияи буржуазӣ-демократӣ дар Россия (1903—1917) Программа ба нест кардани ҳама гуна боқимондаҳои феодалӣ-крепостноӣ дар муносибатҳои аграрии Россия нигаронда шуда буд ва талаб мекард, ки тамоми замин ба истифодаи деҳқонон дода шавад, то ки барои мубориза баҳри ба револютсияи сотсиалистӣ сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократӣ шароити мусоидтаре фароҳам ояд. Принсипҳои асосии Программаро В. И. Ленин дар асараш «Дӯстони халқ» чист ва онҳо ба муқобили сотсиал-демократҳо чи тавр меҷанганд?» ва мақолаҳои сершумори баъдинааш баён карда буд. В. И. Ленин чунин мешуморид, ки партияи коргарӣ дар Россия бояд ба пурра кашида гирифтани замини поме­шикӣ ва милли кунондани тамоми замин бикӯшад.

agrari

Программаи дар Съезди 2-юми РСДРП қабулшудаи партия дар масъалаи аграрӣ талаб мекард, ки андози замин, ҳама гуна ӯҳдадориҳои деҳқонон, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки ҳуқуқи деҳқонро дар бобати замин маҳдуд мекарданд, бекор карда шаванд; он маблағҳое, ки аз деҳқонон дар шакли андозҳои замин ситонда шуда буданд, ба онҳо пас гардонда шаванд; он заминҳое, ки вақти бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ аз деҳқонон кашида гирифта шуда буданд, ба онҳо баргардонда шавад; барои ин комитетҳои деҳқонӣ таъсис карда ша­ванд.

Дар Съезди 2-юми РСДРП В. И. Ленин ба деҳқонон баргардондани отрезкаҳоро тавсия кард. Аммо, вақте ки револютсия cap шуд ва ошӯбҳои деҳқонон авҷ гирифтанд, маълум шуд, ки программаи баргардондани отрезкаҳо акнун деҳқононро қонеъ кунонида наметавонад, деҳқонон акнун соҳиби ҳамаи за­мини помешикон шудан мехоҳанд. Аз ин рӯ Съезди 3-юми РСДРП (апрели 1905) дар резолютсияаш «Дар бораи муносибат ба ҳаракати деҳқонӣ» таъкид намуд, ки сотсиал-де­мократия, ҳамчун партияи проле­тариат «…ҳаминро вазифаи худ қарор медиҳад, ки ба ҳамаи тадбирҳои револютсионии деҳқонон, ки аҳволи онҳоро беҳтар кунонда тавонанд, ҳатто ба тадбири мусодира кардани заминҳои помешикҳо, давлат, калисоҳо, монастирҳо ва  за­минҳои уделӣ бо камоли ғайрат тарафдорӣ кунад…» (КПСС дар ре­золютсияҳо ва қарорҳои съездҳо, конференсияҳо ва пленумҳои КМ, ҷилди I, саҳ. 122—123).

Дар Съезди 4-уми РСДРП як қисми болшевикон бо сардории В. И. Ленин программаи милликунонии замин ва қисми дигари болшевикон программаи ҳамчун моликияти хусусӣ ба деҳқонон тақсим карда додани замини помешиконро пешниҳод карданд. Меншевикон, ки дар съезд аксариятро ташкил мекарданд, программаи мунитсипаликуноипро пешниҳод намуданд. Мувофиқи он помешиков мебоист замини худро ба органҳои худидоракунии маҳаллӣ фурӯшанд ва деҳқонон онро аз ин органҳо ба иҷора гиранд.

В. И. Ленин дар асарҳояш “Маърӯза дар бораи Съезди муттаҳидкунандаи РСДРП” (соли 1906), «Програм­маи аграрии сотсиал-демократия дар Револютсияи якуми руси солҳои 1905—1907” ва ғайра аз ҷиҳати назарӣ ва иқтисодӣ беасос ва аз ҷиҳати сиёсӣ зарарнок будани программаи мешевикии мунисипаликунонии замин ва хато будани программаи ба деҳқонон тақсим карда додани заминро нишон дода, мумкину лозим будани иҷрои программаи милликунонии заминро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кард.

Программа аҳамияти калони таърихӣ дошт. Партия онро тарғиб карда, савияи сиёсии оммаи деҳқононро баланд мебардошт. Деҳқонон боварӣ ҳосил карданд, ки программаи партияи болшевикон на танҳо манфиати коргарони саноат, балки манфиати миллионҳо деҳқонони майдаро низ, ки аз тарафи помешикону капиталистон истисмор мешуданд, ифода мекунад. Дар айни замон таҷрибаи чор думаи  подшоҳӣ деҳқононро ба куллӣ бовар кунонд, ки бур­жуазия ба онҳо замин намедиҳад ва дар мубориза барои замин ва озодӣ ягона қувваи эътимодбахш иттифоқи онҳо бо пролетариат мебошад.

Муборизаи якҷояи синфи коргар ва деҳқонони меҳнаткаш ғалабаи револтсияи буржуазӣ-демократиро таъмин кард, мутлақияти подшоҳӣ дар Рос­сия сарнагун карда шуд. Аммо Ҳукумати муваққатии буржуазӣ ба сари ҳокимият омада, дар мамлакат дигаргуниҳои демократӣ нагузаронид. Вай инчунин заминро миллӣ накунонд.

Дар Тезисҳои апрелии В. И. Ле­нин, қарорҳои Конферентсияи 7-уми (апрелии) умумироссиягии болшевиков (соли 1917) ва Съезди 6-уми партия (июл — август 1917) Программа минбаъд инкишоф ёфт. Дар онҳо талаби мусодира намудани замини по­мешикон ва миллӣ кунонидани ҳамаи замин дар мамлакат ба мадди аввал гузошта шуд. Партия қарор кард, ки фавран ва якбора дар та­моми мамлакат ташкилотҳои мустақили батракҳо ва камбағалони қишлоқ барпо карда шавад, ташаббуси комитетҳои деҳқононро дар хусуси коркарди якҷояи замин, ба истифодаи ҷамъиятӣ гирифта додани асбобу анҷоми помешикон дастгиорӣ намояд, дар асоси хоҷагиҳояш дуруст бароҳмондашудаи помеши­кон дар зери роҳбарии Советҳои де­путатҳои коргарони хоҷагии қишлоқ хоҷагиҳои намунавии ҷамъиятӣ барпо кунад. Иҷрои ин вазифаҳо барои гузаштан ба меҳнати коллек­тивӣ дар зироат асоси моддӣ ба вуҷуд меовард.

Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳалли масъалаи аграриро таъмин намуд. Мувофиқи Декрети замин, ки дар рӯзи якуми Ҳокимияти Со­ветӣ қабул карда шуд, тамоми за­мин дар мамлакат миллӣ кунонда шуда, ба истифодаи деҳқонон дода шуд. Деҳқонон 150 миллион десятина замини помешиконро бемузд ба истифода гирифтапд. Ғайр аз ин соли 1918 комитетҳои камбағалон 50 миллион десятина заминро аз кулакҳо кашида гирифта, ба деҳқонони камбағал доданд. Револютсияи пролетарӣ деҳқононро аз иҷорапулӣ ба поме­шикон, ки соле 700 миллион сӯми тиллоро ташкил мекард ва аз ташвиши ҷамъ намудани пул барои харидани замин озод намуд.

Аммо Декрети замин дар тамоми мамлакат якбора иҷро нашуд. Дар ноҳияҳои ақибмондаи миллии мам­лакат, ба монанди Туркистон солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ, замин дар дасти бою феодалҳо боқӣ монд. Дар як қатор ҷойҳои Осиёи Миёна, хусусан дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби Тоҷикистон, баъзе вилоятҳои Туркманистон, ки дар он ҷо ислоҳоти обу замин гузаронда нашуда буд, муносибатҳои феодалию патриархалии аграрӣ танҳо дар солҳои 30 дар рафти коллективонии саросари хоҷагии- қишлоқ пурра барҳам хӯрданд.

Дар программаи партияи болше­викон, ки Съезди 8-уми РКП (б) марти 1919 қабул кард, қайд кар­да мешуд, ки Ҳокимияти Советӣ тадбирҳои ташкил намудани зироати мутараққии сотсиалистиро пеш гирифтааст, аз ҷумла: 1) барпо кар­дани хоҷагиҳои советӣ, яъне хоҷагиҳои калони сотсиалистӣ; 2) мадад расондан ба ҷамъиятҳои хоҷагии қишлоқ ва инчунин ба ширкатҳои киштукори замин; 3) бо роҳи давлатӣ ташкил кардани киштукори ҳамаи заминҳои киштношуда (аз они дар касе ки бошад); 4) бо роҳи давлатӣ сафарбар кардани ҳамаи қувваҳои агро­номӣ барои баланд бардоштани да­раҷаи маданияти хоҷагии қишлоқ; 5) мадад расондан ба коммунаҳои хоҷагии қишлоқ (иттифоқҳои комилан ихтиёрии деҳқо­нон барои пеш бурдани хоҷагии ка­лони ҷамъиятӣ).

Баъд аз ғалабаи Ҳокимияти Со­ветӣ вазифаи, аз ҳама мураккабу душвор — дар асоси сотсиалистӣ аз нав сохтани хоҷагии қишлоқ буд. В. И. Ленин дар плани кооперативии гениалонаи худ роҳи ҳалли ин вазифаро нишон дод.

Партияи коммунистӣ плани кооперативии В. И. Ленинро ба амал тадбиқ намуд. Хоҷагиҳои яккадасти деҳқонон ба хоҷагиҳои калони со­тсиалистӣ муттаҳид гардиданд, син­фи охирини истисморгар — кулакҳо нест карда шуд, дар деҳот колхозу совхозҳо шакли асосии хоҷагии со­тсиалистӣ шуданд. Хоҷагии қишлоқ мамлакатамон дар роҳи ба кор бурдани муваффақиятҳои илму техника қадами калоне ба пеш гузошт. Иттифоқи синфи коргар ва деҳқонон ба дӯстии байни онҳо ва асоси мустадками сохти советӣ табдил ёфт. Хоҷагии қишлоқи сотсиалистии мамлакати мо дар солҳои сохтмони осоишта ва давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ афзалияти худро чӣ бар хоҷагиҳои майдамолии деҳқонон ва чӣ бар хоҷагии калони капиталистӣ намоиш дод.

Таҳрири нави Программаи КПСС, ки Съезди 27-уми партия (1986) ка­бул кард, роҳҳои асосии тараққии хоҷагии қишлоқи советӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятиро дар қишлоқ дар давраи сохтмони ком­мунизм муайян намуд.

Дар он қайд шудааст, ки баробари саноати пуриқтидор ба вуҷуд овардани хоҷагии қишлоқи мутараққи шарти ҳатмии барпо намуда­ни коммунизм мобошад. Партия тараққиёти босуръати қувваҳои истеҳсолкунандаро таъмин менамояд ва ин имконият медиҳад ду вазифаи асосии ба ҳам алоқаманд ҳал шаванд:

а) ба даст овардани озуқаи фаровони хушсифат барои аҳолӣ ва ашёи хом барои саноат; б) тадриҷан ба муносибатҳои ҷамъиятии коммунистӣ гузаштани деҳоти советӣ, асосан барҳам додани фарқи байни шаҳру деҳот.

Роҳи асосии тараққии хоҷагии қишлоқ ва бо маҳсулоти он қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мамлакат — механиконии ҳаматарафа ва интенсивонии собитқадамона, дар ҳамаи колхозу совхозҳо дар асоси илм ва таҷрибаи пешқадам муваффақ шудан ба маданияти баланди зироат ва чорводорӣ, баланд бардоштани ҳосил ва зиёд кардани маҳсулоти ҳар як гектар бо сарфи ҳар чӣ камтари меҳнат ва маблағ мебошад. Дар ҳамин асос муваффақ шудан зарур аст, ки мақсулоти хоҷагии қишлоқ мувофиқи талаботи ҷамъият пай дар пай афзояд. Хоҷагии қишлоқ аз ҷиҳати мусаллаҳӣ бо техника ва ташкили истеҳсолот ба дараҷаи саноат наздик мешавад; меҳнати деҳқонон ба як навъ меҳнати коргарони саноат табдил меёбад; вобастагии хоҷагии қишлоқ аз офатҳои табиӣ хеле кам шуда ба минимум мерасад.

Партия дар Пленуми мартии (1965) КМ КПСС, дар съездҳои 23—27 КПСС шароиту имкониятҳои навро ба назар гирифта, тадбирҳои таъсирбахши тараққиёти хоҷагии қишлоқи мамлакатро кор карда баромада, онҳоро дар ҳаёт татбиқ карда истодааст. Онҳо дар марҳалаи ҳозира асо­си Программаро ташкил медиҳанд. Дар асо­си қарорҳои Съезди 26-уми КПСС Программаи озуқаи СССР то 1990 тартиб дода шуд. Пленуми майии (1982) КМ КПСС як қатор қарорҳои КМ КПСС ва Совети Вазироин СССР- ро оид ба масъалаҳои конкретии Программаи озуқа маъқул дониста тасдиқ кард. Дар онҳо натиҷаҳои тараққиёти босуръати комплексӣ аг­рарию саноатии мамлакат чуқур ва ҳаматарафа таҳлил шуда, роҳҳо ва усулдҳи тараққиёти минбаъдаи он муайян шуданд, то ки вазифаи пай дар пай бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ дар муддати кӯтоҳтарин ҳал гардад. Дар ин ҳуҷҷатҳо Приграмма дар марҳалаи ҳозира боз ҳам инкишоф дода шуд.

Партия программаи аграриро кор карда, ҳаминро ба инобат мегирад, ки дар рафти сохтмони коммунистӣ роли хоҷагии қишлоқ торафт баланд мешавад. Зеро пайваста тараққӣ кардани ис- тсҳсолоти хоҷагии қишлоқ шарти ҳатмии тараққиёти плании тамоми иқтисодиёти мамлакат мебошад. Тараққиёти бомуваффақияти зироат ва чорводорӣ яке аз шартҳои муҳимтарини баланд бардоштапи некӯаҳволии халқ аст. Маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва молҳои саноатие; ки аз ашёи хоҷагии қишлоқ истеҳсол мешаванд, қариб аз чор се қисми фонди истеъмолии халқро ташкил модиҳанд. Ғайр аз ин, хоҷагии қишлоқ сарчашмаи муҳими сарватғункунии сотсиалистӣ буда, барои ҳалли ваҳифаҳои умумихалқӣ зарур аст.

Барои тараққиёти хоҷагии қишлоқ мустаҳкам намудани базаи иқтисодӣ, инчунии кори ҳаматарафа ва ба мақсад мувофиқи ташкилотӣ ва сиёсии органҳои партиявӣ, советӣ, хоҷагӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони хоҷагии қишлоқ ва ҳамаи меҳнаткашони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки бо хоҷагии қишлоқ алоқаманданд, зарур аст. Дар заминаи муборизаи якҷоя барои тараққиёти хоҷагии қишлоқ иттифоқи синфи коргар ва деҳқонони колхозӣ, олимон ва мутахассисон, дӯстии халқҳои мамлакатамон боз ҳам мустаҳкам мешавад, ки ин иқтидори давлати моро боз ҳам пойдор мегардонад.

Программа ва дар амал татбиқ намудани таҷрибаи фаровоне, ки партия дар ин бобат ҳосил намудааст, аҳамияти умумиҷаҳонию таърихӣ дорад, чунки навсозии сотсиалистии қишлоқ ва равнақ додани қувваҳои истеҳсолкунандаи он барои ҳар як мамлакати дунё шарти муҳимтарини ба сотсиализм гузаштан аст.

Ҳ. Аҳмадов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …