Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ МАХ

ПРИНСИПИ МАХ

prinsipi-max

ПРИНСИПИ МАХ, ақидаест, ки бино ба он хосиятҳои физикии ҷисмҳо (масса, инерсия), ҳосилаи таъсири мутақобили онҳо бо тамоми ҷирмҳои дигари Коинот мебошад. Бо забони категорияҳои классикии фалсафа гӯем, Воҳид (якӣ) дар натиҷаи таъсири Касрат (бисёрӣ) сурат гирифта, дар навбати худ ба таъсири умумикайҳонӣ ҳисса мегузорад; 3 худ маълул (натиҷае, ки бо сабаби муайян ҳосил шудааст) зодаи илал (сабаби мазкур) аст, вале худ низ дар ташаккули охирӣ иштирок мекунад. Нуқтаи асосии физикие, ки бар бунёди Принсипи Мах қарор гирифтааст — ғояи нисбӣ будани ҳаракати механикист. Дар ин бора бори нахуст Абурайони Берунӣ дар асари қомусиаш «Ал-қонун-ул-Масъудӣ фил-ҳайат ва-н-нуҷум» навишта шуд. Дар Европа ин ғоя асри 16 пайдо шуд. Ҷ. Беркли мафҳумҳои «фа­зоӣ мутлақ», «вақти мутлақ», «ҳаракати мутлақ»-ро, ки Нютон бар асоси механикаи классикӣ гузошта буд, маҳз аз мавқеи назари принсипи нисбияти дҳракат танқид кард ва зимни ин дар боби робитаи имконпазири локалиёт (дар мавриди мазкур ҳаракати маҳаллии ҷисм) ва глобалиёт (ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ) изҳори ақида кард. Сонитар (дар охири асри 19) ин ақидаро Э. М а х дастгирӣ кард ва ҳамаҷиҳата инкишоф дод. Вале чи Беркли ва чи Мах Принсипи Махро ба сифати як тасдиқоти аз ҷиҳати шаклу мазмуни физики ани­қу муайян ва дар таҷриба озмуда шаванда баён накардаанд. Худи «Принсипи Мах» бошад истилоҳиА.Эйнштейн аст, ки Зимин такомулу таъмими навиштаҳои Мах ба қалам овардааст. (Ҳоло таърифҳои мухталифи Принсипи Мах мунташир шудаанд, ки бо вуҷуди ба истилоҳи физикаи майдон ифода ёфтанашон, аз дам хеле фарқ мекунанд.)

Эйнштейн дар марҳилаи аввалан эҷодиёташ Принсипи Махро нуқтаи истинод қарор дода ва онро ба тарзи худ маънидод карда, ба комёбиҳои бузурги илмӣ ноил гашт. Вале дастовардҳои илмии ӯ ботинан ба мундариҷаи Принсипи Мах (ба ҳамои шаклу мазмуне, ки Эйнштейн дода буд) мувофиқат намекарданд. Аз ин рӯ, Эйн­штейн муносибати худро ба Принсипи Мах тағйир дода, хулоса баровард, ки ақидаи мазкура моҳиятан ба худи рӯҳи физикаи майдон зид аст. Вале ин хулоса чандон саҳеҳ набуд. Чунонки аз тадқиқоти навини физики бармеояд, Принсипи Махро ба рӯҳи физикаи майдон мувофиқат кунондан мум­кин аст. Аз ин ҷост, ки як қатор физикҳои маъруфи асри ҳозир (Евг. Вигнер, Р. Дикке, М. А. Марков, Ҷ. Уилер. Ф. Ҳойл) паи онанд, ки Принсипи Махро ҳамчун дастури роҳнамо ис­тифода бурда, дар асоси вай назарияҳои нав ва аз вазарияи Эйнш­тейн (ниг, Назарияи нисбият) ҳам умумитарро таҳия кунанд. Дар атрофи натиҷаҳои илмии дар рафти тадқиқоти мазкур бадастомада бо­шад, баҳсу мунозираҳои тезу тунди физикию фалсафӣ ба амал меоянд. Ҳатто дар сурати комилан ғалат бу­дани Принсипи Мах ҳам як худи ҳамин далел шоҳидӣ аз аҳамият холӣ набудани он аст, зеро зимни баҳсу мунозираҳо одатан чунин фикру ақидаҳои нав низ пайдо мешаванд, ки аз ақидаи аввала (мавриди баҳс) ҳам самараноктаранд. Бинобар ин, дар адабиёти муосири методологи ба ғояҳое зотан хатову амалан самаранок (аз ҷиҳати методию эвристӣ) барҳақ баҳои мусбат медиҳанд.

Аз тарафи дигар, агар Принсипи Мах ҳақиқатан ҳам фикри ғалат бошад, пас аз ин далел дар бораи умуман ға­лат будани ғояи ҳамбастагии ботинии локалиёт ва глобалиёт хулоса баровардан худ амали ғалат мебуд, зеро Принсипи Мах фақат зуҳуроти ҷузъии ин ғоя аст. Ғояи ҳамбастагии лока­лиёт ва глобалиёт бошад, дар навба­ти худ зуҳуроти ҷузъии ақидаи боз ҳам умумитар ва муҳимтар — п р и н с ипи ягонагии олам аст, ки дар системаи фалсафаи диалектикию материалистӣ мақоми бузург дорад. Ниг. низ Олами Кабир ва Олами Caғup.

Ад.: Эйнштейн А., Собр. науч. тр. т. i, М., 1967; Эйнштейн и теория гра­витации, М„ 1979; Тред ер Г. Ю„ Относительность инерции, пер. с немец., М., 1975.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …