Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН, органи доимоамалкунандаи Совети Олии РСС Тоҷикистон. Онро Совети Олии республика интихоб мекунад. Ин орган дар давоми тамоми фаъолияташ ба Совета Олӣ ҳисобот дода, дар давраи байни сессияҳо вазифаҳои органи олии ҳо­кимияти давлатии РСС Тоҷикистонро дар доирае, ки Конститутсияи республи­ка муқаррар кардааст, иҷро мекунад. Президент аз чумлаи депутатҳо, дар ҳайати Раиси Президиуми Совета Олӣ, ду ҷонишини Раис, Котаби Президиум ва 11 нафар аъзоёни Президент интихоб карда мешавад. Президент интихоботи Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Со­ветҳои маҳаллии депутатҳои халқиро таъин, сессияҳои Совети Олии РСС Тоҷикистонро даъват, фаъолияти комиссияҳои доимии Совети Олии РСС Тоҷикистонро ба ҳам мутобиқ, ба риоя шу­дани Конститутсияи РСС Тоҷикистон назорат, интихоботи судҳои халқии рай­они (шаҳрӣ)-ро таъин мекунад, қонунҳои РСС Тоҷикистонро шарҳ медиҳад, ба фаъолияти Советҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ роҳбарӣ, масъалаҳои сохта маъмурӣ-территориявии РСС Тоҷикистонро ҳал, амру қарорҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, қарорҳои советҳои вилоятии депутатҳои халқӣ, Совети депутатҳои халқии ВМКБ, Советҳои районӣ ва Шаҳрии депутатҳои халқии районҳо ва шаҳрҳои тобеи республикаро дар мавриди ба қонун мувофиқат накарданашон бекор мекунад, унвонҳои фахрии РСС Тоҷикистонро муқаррар мекунад ва медиҳад, бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз менамояд, ба гражданияти РСС Тоҷикистон қабул ва масъалаи паноҳгоҳ доданро ҳал мекунад; дар бораи афви умумӣ актҳо мебарорад ва масъалаи афви гражданинҳоеро, ки аз тарафи судҳои РСС Тоҷикистон маҳкум шудаанд ҳал, шартномаҳои байналхалқии РСC Тоҷикистонро тасдиқ ва бекор, намояндагони дипломатии РСС Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷии  дар наздаш ташкилотҳои байналхалқӣ таъин менамояд ва ҷеғ зада мегирад; номаҳои таъин шудан ва ҷеғ зада гирифтани намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷии дар наздаш ваколатдорро қабул, дигар ваколатҳоеро, ки Конститутсия ва қонундои РСС Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба ҷо меовард. Президент дар байни сессияҳои Совети Олӣ дар мавриди зарурат ба актҳои қонунгузории ҷории РСС Тоҷикистон тағйирот медарорад; вилоятҳо, районҳо ва щаҳрҳоро таш­кил медиҳад; бо таклифи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон вазоратҳои РСС Тоҷикистон, комитетҳои давлатии РСС Тоҷикистонро ташкил ва барҳам медиҳад; мувофиқи пешниҳоди Раиси Совет Вазирони РСС Тоҷикистон шахсони алоҳидаеро, ки ба ҳайати Совет Вазиро­ни РСС Тоҷикистон дохиланд, аз вазифа озоду ба вазифа таъин мекунад ва баъд ҳамаи онҳоро дар сессияи навбатӣ ба тасдиқи Совети Олӣ пеш­ниҳод мекунад. Президент указҳо мебарорад ва қарорҳо қабул мекунад. Дар сурати ба охир расидани ваколати Совети Олии РСС Тоҷикистон то вақти аз тарафи Совети Олии азнавинтихобшудаи РСС Тоҷикистон ташкил дода шудани ҳайати нав, Президиум ваколаташро нигоҳ медорад. Президент ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …