Маълумоти охирин

ПРЕТОР

ПРЕТОР (лотинӣ praetor, аз praeitor— пешсаф, роҳбар, сарвар), дар Рими Қадим мансаби давлатист. Аввалҳо, дар ибтидои давраи республикаи Рим номи магистратур (консулҳо ва диктаторҳо)-и олӣ. Соли 367 (S 366) то мелод мансаби Претор ҳамчун ҳамкасби хурди консул таъсис ёфт, ки он дар асоси фармони худи претор мурофиаи судиро оид ба корҳои гражданӣ мебурд, ҳангоми набудани консулҳо соҳиби ҳукумати олӣ буд. Соли 242 то мелод ба ғайр аз Претори шаҳр, ки ба мурофиаи судии гражданинҳои Рим машғул буд, барои хориҷиён низ Претор таъсис ёфт. Дар замони Сулла шумораи он то ба 8 расид; баъди иҷрои вазифаи преторӣ онҳоро ба сифати пропреторҳо б проконсулҳо ва музофотҳо мефиристоданд. Дар замони империя ба вазифаи Претор шахсони олимансаби шаҳрҳо низ таъин кар­да мешуданд.

pretor

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …