Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЕСС ТРАСТ ОФ ИНДИЯ

ПРЕСС ТРАСТ ОФ ИНДИЯ

pti

ПРЕСС ТРАСТ ОФ ИНДИЯ (ПТИ; Press Trust of India — PTI), калонтарин агентии информатсионии Ҳиндустон, ҷамъияти аксионерии саҳмдорони газета. Дар Бомбей воқеъ аст. Таъсисаш 1949. Бештар аз 200 газета, инчунин ҳукумати марказӣ, ҳукумати штатҳо, радио, ширкатҳои савдо, банк до ва дигар ташкилотҳоро бо ахбори дохилӣ ва хориҷӣ таъмин мекунад. Ахбор ба забони англисӣ тайёр мешавад. Дар Ҳиндустон ахбори байналхалқии агентиҳои Рейтер ва – Франс прессро паҳн мекунад, барои мубодилаи ахбор бо як қатор агентиҳои хориҷӣ шартномa дорад. Мухбирони агентӣ дар шаҳрҳои калони ҷаҳон — Москва, Ню-Йорк, Лондон ва ғайра кор мебаранд. Пресс Траст оф Индия аъзои Ташкилоти агентиҳои ахбороти Осиёст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …