ПРЕСС (франсавӣ presse, аз лотинӣ presso — мефишорам, тазйиқ медиҳам), мошини амалаш статикиест (безарба) барои коркарди маҳсулот бо фишор (брекитиронӣ, ҳосил кардани алмоси маснӯъ ва ғайра) . Дар асрҳои 15— 16 дар косибӣ (равғанкашӣ, шаробкашӣ муқовабандӣ ва ғайра) Прессҳои винтии дастиро истифода мебурданд. Сонитар (асрҳои 17—18) Пресси винтиро дар коркарди металл бо фишор, аз чумла барои сикказании тангаю медалҳо, инчунин дар штампонии металлҳо истифода мебурдагӣ шуданд. Баробари тараққиёти истеҳсоли саноати маҳсулот, алалхусус, баъди бунёди муҳаррики электрӣ, Прессҳои кривошипӣ маъмул гардиданд. Қисмҳои асосии Пресс инҳоанд: ползун, станина бо самтҳидандаҳои ползун ва миз, ҳаракатовар, механизмҳои идора, василаҳои механиконию автоматонӣ, афзор. Қисми мутаҳаррики афзор дар ползун (ки пешравандаю бозгарданда ҳаракат мекунад) ва қисми ноҷунбони он дар миз маҳкам карда мешавад. Прессҳо вобаста ба навъи ҳаракатоварашон гидравликӣ, механикӣ (кривошипӣ, винтӣ, фриксионӣ ва ғайра) ва гидромеханикӣ, аз рӯи таъиноташон амудӣ ва уфуқӣ мешаванд. Ҳозир Прессро дар соҳаҳои гуногуни саноат барои коркарди металл, пластмассаҳо, резина, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва хӯрокворӣ, инчунин барои тағйир додани шакли ҷисмҳо, хурд кардани ҳаҷми моддаҳои мулоим (пакетонӣ), ғурӯша кардани масолеҳи рез-резаю хока, тадқиқи хосиятҳои механикии металлҳо дар фишорҳои баланд ва ғайра истифода мебаранд. Иқтидори Прессои гидравликӣ бузург буда, қувваи фишорашон то 735 МН мерасад. Қувваи фишори Пресси кривошипӣ 100 МН ва Пресси винтӣ 125 МН мебошад.
Инчунин кобед
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …