Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЕМЧАНД – Дҳаипатрай Шривастав

ПРЕМЧАНД – Дҳаипатрай Шривастав

premchand

ПРЕМЧАНД (тахаллусаш; номаш Дҳаипатрай Шривастав; 31. 7. 1880, Лаҳми, наздикии Банорас — 8. 10. 1-936, Банорас), нависанда ва публитсисти ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Эҷодиёти Премчанд таҳти таъсири ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон инкишоф ёфтааст. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои Премчанд «Муҳаббати ватан» 1909 аз ҷониби ҳукуматдорони англис сӯзонда шуд. Дар ро­манҳои «Дайри ишқ» (1922), «Садҳна» (1925), «Майдони муҳориба» (1932), «Гови қурбонӣ» (1936) ва маҷмӯаҳои «Ҳафт нилуфар» (1917),  «Роҳи сарбозӣ» (1932) бедории сиёсӣ, муборизаи оммаи халқ барои озодӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтааст. Премчанд аъмоли зишти феодалон ва мустамликадорон, кӯҳнапарастию таассуби диниро маҳкум кардааст. Дар асарҳои Премчанд халқ қаҳрамони асосӣ, қувваи тавоноӣ ҷамъиятӣ мебошад; нависанда барои пирӯзии идеалҳои инсонпарварӣ мубориза бурда, комёбиҳои сохтмони сотсиалистиро дар СССР таҳният мегуфт. Премчанд асосгузори реализми танқидӣ дар адабиёти урду ва ҳиндӣ мебошад. Дар тараққиёти равияи реалистӣ ва демократии адабиёти Ҳиндустон асарҳои публитсис­тӣ ва журналҳои таъсискардаи Премчанд «Ханс» (1930—1936), «Ҷагаран» (1932— 1934) роли калон бозидаанд. Премчанд яке аз таъсискунандагони Ассосиатсияи нависандагони пешқадами Ҳиндустон (1936) ба шумор меравад. Ба забони тоҷикӣ романи «Нирмола» ва якчанд ҳикояи Премчанд тарҷума шудаанд.

Ос.: Ҳикояҳо. Нирмола, Д., 1962; Рат­ный путь. Рассказы, М., 1969.

Ад.: Б а л и н В., Премчанд — новел­лист, Л., 1973; Премчанд. Биобяблиогра- фичеекяй указатель, М., 1962.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …