Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРАНДТЛ Людвиг

ПРАНДТЛ Людвиг

prandtl_portrait

ПРАНДТЛ (Prandtl) Людвиг (4. 2. 1875, Фрейзинг, Бавария—15. 8. 1953, Гёттинген), олими немис дар соҳаи механика, яке из асосгузорони аэродинамикаи таҷрибавӣ. Омӯзишгоҳи олии политехникии Мюнхенро хатм кардааст. Аз соли 1901 профессори Омӯзишгоҳи олии техникои Ганновер, аз 1904 професори Унститути Гет­тинген, 1925—1947 директори Институти гидроаэродинами­ка дар Гёттинген. Асарҳои илмии Прандтл ба назарияи чандирӣ ва пластикӣ, гидроаэромеханика, динамикаи газ ва метеорологияи динамики оиданд. Соли 1904 мафҳуми қабати ҳудудиро дохил намуд ва муқовимати шаклро барои мавриди ҷисмро шорида гузаштани қабати ҳудудии кандашуда маънидод кард. Назарияи боли дарозиаш матлуби самолётро ба вуҷуд оварда, усулҳои ҳалли соддаи муодилаҳои ба он мувофиқро кор кард, тақсимоти муфидтарини сиркулятсияҳоро дар боли самолёт тадқиқ намуд, мафҳуми аниқи муқовимати индуксиониро дохил карда, формулаи муайянкунии онро тартиб дод ва ғайра. Ҷоришавии турбулентӣ дар ғулбаҳо, турбулентияти атмосфераи озод, гузариш аз ҷоришавии ламинарӣ ба турбулентӣ ва боз чандин масъалаҳои дигарро омӯхт. Ба номи Прандтл муодилаҳо, мафҳумҳо, асбобҳо мавсуманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …