Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРЕТСЕССИЯ

ПРЕТСЕССИЯ

ПРЕТСЕССИЯ (аз лотинӣ praccessio — пешопеш меравам), ҳаракати меҳвари чархзании ҷисми сахт, аз чумла гироскопро гӯянд, ки ҳангоми он сатҳи доиравии маҳдуд кашида мешавад. Дар айни замон меҳвари мазкур дар Лаппиши нутатсионӣ (ниг. Нутатсия) буда метавонад.

praezession

Дар астрономия Претсессия гуфта, ҳаракати сусти меҳвари чархзании Заминро аз рӯи конуси доиравӣ меноманд. Дар натиҷаи ҳаракати ҳамвории экватор нуқтаҳои эътидол қад-қади хати эклиптика аз тарафи шарқ ба сӯи ғарб, яъне ба муқобили ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб со­ле ба андозаи 50,3″ мекӯчад. Аз ин сабаб соли тропикӣ (фосилае, ки Офтоб дар муддати он аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ ду маротиба пай дар пай мегузарад), ки бо тағйир ёфтани фаслҳои сол дар За­мин алоқаманд аст, аз соли ситоравӣ (фосилае, ки дар муддати он Замин атрофи Офтобро пурра давр мезанад) 20 дақиқа 24 сония кӯтоҳ мебошад.

Зимин Претсессия координатаҳои эклипти­кӣ ва экваторӣ тағйир меёбад (ниг. Координатаҳои осмонӣ). Тӯлҳои ситорагон, ки нисбат ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ ҳисоб карда мешаванд, соле ба андозаи 50,3″ меафзоянд, вале арзҳо дар ин муддат чандон зиёд тағйир намеёбанд. Тулӯи мустақим ва майли ситорагон аз рӯи қонуниятҳои мураккабтар тағйир меёбанд. Дар натиҷаи Претсессия манзараи даврзании шаборӯзии осон суст тағиир меёбад: 4600 сол қабл аз ин қутби дунё дар наздикии ситораи Тубан (а Тиннин) воқеъ буд, ҳоло он дар наздикии Си­тораи Қутб (а Дубби Акбар) ҷойгир аст. Баъд аз 12000 сол ситораи Насри Воқеъ (а Санҷ) «ситораи қутб» хоҳад шуд.

Агар Замин худ кураи мунтазам мебуду дар ҳамаи мавзеъҳояш зичии якхела медошт, қувваи кашиши Офтоб ва Моҳ дар ҳар як нуқтаи он низ якхела мебуд ва дар натиҷа, чархзании Замин ҳеҷ тағйир намеёфт. Дар асл кураи Замин дар қутбҳо нисбат ба экватор пачақ аст. Аз ин сабаб ҳам қувваи кашиши Оф­тоб ва Моҳ дар экватор нисбат ба қутбҳо зиёдтар мебошад. Таъсири қувваи кашиши Моҳ бо чархзании Замин якҷоя шуда, ҳодисаи Претсессияро ба амал меоварад. Претсессияе, ки дар натиҷаи лағзиши нуқтаҳои эътидоли аз таъсири қувваҳои кашиши Офтобу Моҳ ба амал меоянд, Претсессияи Шамсиву Қамарӣ ном дорад. Қад-қади экватор аз ғарб ба шарқ ҷой иваз кардани нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ, ки дар натиҷаи Претсессия ба амал меояд, Претсессияи сайёраҳо номида меша­вад. Ҳаракати ҷамъулҷамъи нуқтаи тобу Моҳ ба амал меоянд, Претсессияи Шамсиву Қамарӣ ва Претсессияи сайёраҳо таш­кил ёфтаанд, Претсессияи умумӣ ном дорад.

Ҳодисаи Претсессияро дар асри 2 то мелод Гип­парх кашф кард. Вай зиҷи 1022 ситораро бо зиҷи Тихомарис, ки 150 сол пеш аз ӯ тартиб дода шуда буд, муқоиса карда, зиёд шудани тӯли ҳамаи ситорагонро ошкор кард ва ин ҳодисаро Претсессия номид. Претсессияро бори аввал И. Нютон аз нуқтаи назари илми механика шарҳ дод (1686). Назарияи илмии Претсессияро дар асри 18 Ж. Даламбер, П. Лаплас ва Л. Эйлер ба вуҷуд оварданд.            Н. Абдуллаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …