Маълумоти охирин

ПОЗА

poza

ПОЗА, т и ш, г о в о ҳ а н, олати нӯктези чӯяниест, ки ба сари омоч гузаронида, замин меронданд. Аввалҳо Позаро аз чӯби сахт месохтанд. Баъди пайдоиши филизот онро аввал аз биринҷӣ ва сипас аз оҳан тайёр мекарданд. Позаҳои филизӣ дар Осиёи Миёна аз димнаи шаҳрҳои қадимаи Талибарзу ва Мунҷоқтеппа ба даст омадаанд, ки онҳо ба ибтидои милод мансубанд. Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 дар Осиёи Миёна Позаро асосан аз чӯян мерехтанд. Позаҳои оҳанӣ фақат дар баъзе ноҳияҳои баландкӯҳ, аз ҷумла Дарвоз, ки заминаш сахту санглох аст, маъмул буд. Позаҳои чӯянӣ аз рӯи шакл ва сохт асосан якхела буданд, аммо вобаста ба шароити замини ноҳияҳо хусусиятҳои ба худ хос низ доштанд. Масалан, асосан Позаи Бухоро (заминаш мулоим) то 10 кг, Позаи Самарқанд (заминаш сахт) бошад, 3—3,5 кг вазн дошт. Барои замини алафӣ бегонадор Позаи махсуси миёнааш қирадорро истифода мебурданд.

А. Давидов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …