Маълумоти охирин

ПОЙАНДОЗ

poyandoz

ПОЙАНДОЗ, фарш, бисот, порчаи матоест, ки ҳамчун рамзи эҳтиром ба зери пои арӯс, домод ё меҳмони олиқадр дар даромадгоҳи хона ё роҳрав мегустуранд. Пойандози арӯсу домодро аз махмал ё шоҳӣ тайёр мекунанд; қадаш тақрибан 4 м, бараш 0,5 м. Баъди аз болои Пойандоз гузаштани домоду арӯс ё меҳмони олиқадр онро ҷавонон талош ва тақсим карда мегиранд. Ҷавонон аксаран ба тарафҳои мухталиф ҷудо шуда, қувваозмоӣ мекунанд. Ин расму одати халқӣ то ҳол барҷост ва ба василан дилхушии мардум табдил ёфтааст. Пойандозро пеш момодоя, бахшиву фолбинҳо низ ҳангоми ташкил кардани «бахшибонӣ», «париталабон», «момоталабон» ва «лашкарфурорӣ» барои истиқболи момо ва париҳои хаёлӣ дар назди дар ё атрофи суфра мегустурданд. Ин гуна Пойандозҳо аз нахта ва суфи сафед иборат буданд. Баъди анҷоми маросим момодоя ё бахши Пойандозро ба хонааш мебурд.

О. Муродов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …