Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОТСДАМ

Шаҳри ПОТСДАМ

ПОТСДАМ (Potsdam), шаҳрост дар РДГ. Ҷанубу ғарбтар аз Берлини Ғарбӣ, дар ҳар ду соҳили дарёи Хафел воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии окру­ги Потсдам. Аҳолиаш 119 ҳазор нафар (1976).

Постдам— бандари дарёӣ, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Соҳаҳои саноаташ: тепловозсозӣ ва таъмири локомотиву вагонҳо, киштисозӣ (киштиҳои дарёӣ), механикаи дақиқ ва оптика, электротехника, химияю фармасевтӣ, полиграфӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ. Дар Постдам Акаде­мияи давлат ва ҳуқуқю Мактаби олии молия, Мактаби олии кино ва телевизиони РДГ, киностудияи «Дефа», расадхонаи астрофизикӣ, музей мавҷуданд. Аз ёдгориҳои меъморӣ бинои ратуша (ҳоло хонаи мадани­ят; 1753), Қасри шаҳрӣ (1745—1751), дарвозаи Бранденбург (1770), калисои Николайкирхе (1830—1837) ва ғайра боқӣ мондаанд.

potsdam-city

Постдам дар асри 10 ҳамчун деҳаи славянҳо бунёд ёфтааст. Дар асри 15 ҳуқуқи шаҳрро гирифт. Аз асри 18—дуюмин қароргоҳи шоҳони Пруссия, ҷои гузаронидани параду намоишҳои ҳарбист. 27 апрели 1945 (охирҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) қӯшунҳои советӣ ба Постдам дохил шуданд. Моҳҳои июл — август 1945 дар Постдам конференсияи роҳбарони давлатҳои СССР, ШМА ва Британияи Кабир шуда гузашт (ниг. Конфересияи Потсдам).

ПОТЁ (Pottier) Эжен (4. 10. 1816, Париж — 6. 11. 1887, ҳамон ҷо), шоири франсавӣ. Аъзои Интернатсионали I ва Коммунаи Парижи 1871. Аввалин шеърҳояшро рӯзҳои Револютсияи июли 1830 (дар Франсия) навиштааст. Давраи аз ҳама пуравҷи ҳаёт ва эҷодиёти Потё замони Коммунаи Париж буд. Потё ҳамчун яке аз ташкилотчиёни Коммунаи Париж дар баррикадаҳо ҷангида, баъди шикаст ёфтани Коммуна ба хориҷа ҳиҷрат кард. Июни 1871 дар Париж «Интернационал»-ро эҷод намуд, ки гимни байналхалқии синфи коргари ре­волютсионӣ шуд (мусиқиашро композитори белгиягӣ П. Дегейтер навиштааст). Ин сурудро А. Лоҳутӣ ва М. Раҳимӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд (1936). Ҳангоми муҳоҷират дар Америка Потё се достон офарид, ки беҳтаринашон «Коммунаи Па­риж» аст. Дар ин достон револютси­яи пролетарии Франсия, манзараҳои Коммуна ҳарҷониба тасвир гардидаанд. Соли 1880 ба ватан баргашт. Байни солҳои 1884—1887 якчанд маҷмӯаи суруду достонҳои Потё аз ҷумла «Сурудҳои револютсионӣ» ба табъ расиданд. Ба ин маҷмӯаҳо суруду достонҳои беҳтарини Потё дохил шудаанд.

Ос.: Песни. Стихи. Поэмы, 2 изд., М„ 1971

Ад.:    Дмитриев В., Поэт- коммунар. Жизнь и творчество Э. Потье,

1966.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …