ПОРУ, нурии органикиест, ки одатан аз ахлоти ҳайвонот ва омехтаҳои дигар таркиб ёфтааст. Поруро ҳамчун нурӣ аз замонҳои қадим ин ҷониб истифода мобарапнд. Пору дар хоҷагиҳои деҳқонони тореволютсионӣ нурии асосӣ буд. Дар СССР бо вуҷуди афзудани истеҳсоли нуриҳои органикӣ асосан Пору меандозапнд. Поруро махсусан дар хоҷагиҳое, ки парвардахона ва гармхона доранд, ба миқдори зиёёд барои тайёр кардани компост истифода мебаранд.
Дар таркиби Пору нитроген ва ҳамаи элементҳои ғизоии барои растани зарур ҳастанд. Моддаҳои органикӣ Пору (қисми асосии моддаҳои хушки ин нурӯ) таркиби хок, режимҳои об ва ҳаво, хосияти физикию химиявӣ ва химиявии хокро беҳтар мекунад. Са ва Mg-e, ки дар таркиби Пору ҳастанд, дараҷаи туршии хокро паст мекунанд, микрооргапизмҳои судманд бошанд, фаъолияти биологии онро вусъат медиҳанд. Пору яке аз манбаъҳои СО2 мебошад, ки синтези моддаҳои органнкии растаниро метезонад. Таъсири Пору ба ҳосил якчанд сол давом мекунад.
Поруро ба чалма ва шибар (нимобакӣ ва обакӣ) ҷудо мекунанд. Таркиби тақрибии химиявии Поруи чалма (аз ҳайвоноти гуногун ба ҳисоби фоиз (%) чунин аст: 0,5 N, 0,25 Р2О5, 0,6 К2О, 0,35 СаО, 0,15 МgО (ҳангоми ба сифати хушкӣ истифода бурдани торф миқдори N дар Пору зиёд, вале Р2О5 ва К2О камтар мешавад).
Дар мавсими дар оғил парвариш додан аз ҳар як ҳайвон ин қадар Пору мегиранд (ба ҳисоби т): асп 3—7, гов 4—9, гӯсфавд ва буз 0,4—0,9, хук 0,8—2. Самарабахшии Поруи чалма аз дараҷаи пӯсиш, усулҳои тайёркунӣ ва нигоҳдории он вобаста аст. Дар Поруи нағз сахтшудаи порухона (усули анаэроб и и нигоҳдорӣ) нисбат ба Поруи ковок (у с ули аэробӣ) нитроген камтар нобуд мешавад. Барои тез тайёр кардани Пору аз усули омехта (якҷошавии ду усули аввал) истифода мебаранд. Бо ин усул Поруи нимпӯсидаро баъди 1,5—2 моҳ, пӯсидаро баъди 4—5 моҳ, бо усули анаэробӣ мувофиқан баъди 3—4 ва 7—8 моҳ мегиранд. Ба замин пеш аз кишти гандуму ҷавдор 15—25 т/га, ҷуворимаккаю картошка 20—40 т/га, сабзавот (бодиринг, карам) 35—50 т/га, бехмева 20—40 т/га ва ҳангоми киштигардон бо зироати техникӣ пеш аз кишти лаблабу, канаб, тамоку 35—50 т/га Поруи чалма меандозанд. Ҳар як тоннаи Пору ҳосили тамоми зироати киштгардонро (ба ҳисоби ғалладона) 1-2 ц/га зиёд мекунад.
Поруи шибарии нимобакӣ 86—90% об ва тақрибан баробари Поруи нав гирифташуда моддаҳои ғизоии барои растанӣ зарур дорад.
Ба киштзор онро дар систернаҳо мебаранд; бо торф, коҳ, хок компостонида мешавад. Поруи ш и б а р и о б а к и р о аз хоҷагиҳо ва комплексҳои калони бӯрдоқипарварӣ мегиранд. Ҳамин Поруи обакӣ 95—96%, моддаҳои ғизонаш нисбат ба Поруи нимобакӣ 2—3 маротиба кам аст. Онро дар зарфҳо нигоҳ медоранд.
Баъди таҳшинӣ ба омехта (фраксия)-и моеъ об ҳамроҳ мекунанд ва маҳлулро ба киштзори растаниҳои хӯроки чорво мерезанд, омехтаи сахтро ба замин андохта, шудгор мекунанд. Поруи обакиро ба фраксияҳо чудо накарда чун нурӣ истифода мебаранд.
Ад.: Справочник по удобрениям,
М., 1*964: Применение органических удобрений, М., 1071.