Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТСМУТ

Шаҳри ПОРТСМУТ

ПОРТСМУТ (Portsmouth), шақр ва бандарест дар графии Хэмпшири Британияи Кабир. Дар нимҷазираи Порт- си-Айленд, дар соҳили гул. Ла-Манш воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 199 ҳазор нафор (1976). Портсмутро пули рӯи халиҷ бо шаҳри Госпорт мепайвандад. Порсмут базаи ҳарбии баҳрӣ, яке аз марказҳои асосии киштисозӣ ва таъмири киштии мамлакат мебошад. Соҳаҳои дигари саноаташ: самолётсозӣ, электротех­никӣ, мошинсозӣ, инчунин дӯзандагӣ. Дар атрофи шаҳр курортҳо мавҷуданд. Шаҳр охирҳои асри 12 бунёд шудааст.

portsmut-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …