Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРТЛАНДСЕМЕНТ

ПОРТЛАНДСЕМЕНТ

portlandsement

ПОРТЛАНДСЕМЕНТ (аз англисӣ Portland — номи нимҷазираест дар ҷануби Британияи Кабир), як навъ сементро гӯянд, ки асосаи аз силикати калсий иборат аст. Портландсемент ҳоло дар coxтмони навъи хело маъмули семент мебошад. Портландсементро аз клинкер (хишти бисёр сахти оташбардори заҳнокаш)-и гачдор (3—7%) истеҳсол мекунанд; ба oн моддаҳои дигари фаъоли минералӣ (10—15%) низ ҳамроҳ мекунанд. Клинкер масолеҳест, ки аз омехтаи ашёи хоми сунъӣ (тақрибан аз 75% карбонати калсий, одатан оҳаксанг ва 25% гил) бо усули гудозиш пазанд. Ашёи хоми Портландсементро бештар дар оташдонҳои чархзананда (ҳарораташ 1450— 1500РС) пухта мекунанд. Хосияти Портландсемент асосан ба таркиби клинкер ва дараҷаи судагии он вобаста аст. Муҳимтарин хусусияти Портландсемент аз таъсири об шах шудан аст. Дар СССР хелҳои гуногуни Портландсементро истифода мебаранд.

Ад.: Волженский А. В., Буров Ю. С., К о л о к о л ь н и к о р В. С., Ми­неральные вяжущие вещества, М., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …