Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОРФИРИНҲО

ПОРФИРИНҲО

porfinho

ПОРФИРИНҲО (аз  юнонӣ porhyreos — сурхи баланд, ҷигарраyг), пигментҳоеро гӯянд, ки дар табиати зинда васеъ паҳн шудаанд. Асоси молекулаашон п о р ф и н ( структураест аз чор ҳалқаи пиррол) мебошад. Бештар комплексҳои Порфиринҳо бо металлҳои Ғе ва Mg аҳамияти би­ологӣ доранд. Macалан, пигментҳои сурхи хун ва мушакҳо (гемоглобин ва миоглобии), ки оксигенро интиқол мекунанд, комплекси порфиринии Ғе —гемро доранд. Чунин комплёксҳоро тситохромҳо, ферментҳои каталаза ва пероксидаза низ доранд. Хлорофиллҳо Mg — комплексҳои Порфиринҳо мебошанд, витамини В12 пайвасти комплексии Со буда ба Порфиринҳо наздик аст. Порфиринҳо инчунин дар пешоб (уропорфирин) ва наҷосати ҳайнот (копропорфирин), дар болу пар ва пучоқи тухми паррандаҳо, дар садафи нармбадандо, дар нефт, битумҳо ва боқимондаҳои канданиҳои органикӣ (бештар дар намуди комплексҳо бо V ва Ni) ёфт шуданад. Ихтилоли мубодилаи Порфиринҳо боиси бемориҳои одам (баъзе намудҳои камхунӣ, пеллагра ва ғайра) мегардад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …