Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРАЙ-КОШИТС Александр Ев­геневич

ПОРАЙ-КОШИТС Александр Ев­геневич

poray-koshits-a-e

ПОРАЙ-КОШИТС Александр Ев­геневич (8. 10. 1877, Қазон.—17. 04. 1949, Ленинград), химик-органики советӣ, акад. АФ СССР (1935; аъзо- корр. 1931). Соли 1903 Институти техно­логии Петербургро хатм кардааст.

Аз соли 1905 то охири умраш дар ҳамон институт дарс дод (аз соли 1918 профессор). Аз соли 1941 мудири лабораторияи маҳ­сулоти мобайнӣ ва моддаҳои рангкунандаи Институти химияи органикии АФ СССР. Порай- Кошитс фаъолнокии атом­ҳои гидрогени гурӯҳҳои метилу метилении пайвастҳои аромати ва гетеросиклиро дар реаксияҳои кон­денсатсия ва азопайвастшавӣ тадқиқ намуд; як қатор моддаҳои рангубориро синтез ва ғояи сабабҳои дорои ранг будани моддаҳои рангубории органикиро пешгӯй кард; таснифи хиноидии моддаҳои рангубориро пешниҳод ва истилоҳи «моддаи рангубори»-ро ба илм дохил намуд; таъсири мутақобили химиявии модда­ҳои рангу бори ва торҳои сафедавиро нишон дод; усули ҳосил кардани фурфуролро пешниҳод кард; дар бунёди саноати моддаҳои рангуборӣ дар асоси анилин фаъолона иш­тирок кард. Порай- Кошитс лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943) мебошад. Ӯ бо ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шу­дааст.

Ад.: Избр. труды. Работы в области орг. химик, химии красяших веществ и теории крашения, М.— Л., 1949.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …