ПОЛТАВА, шаҳр, маркази вилояти Полтаваи РССУ. Дар соҳили дарёи Ворскла (шохоби чапи дарёи Днепр) воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан. Аз Полтава роҳи автомобилгарди Киев — Харков мегузарад. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 279 ҳазор нафар (1979).
Полтава яке аз марказҳои калони саноатии Украина мебошад. Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл (заводҳои таъмири тепловоз, турбомеханикӣ, автоагрогат, электромеханикӣ — «Электромотор», рехтагарии механикӣ, мошинсозӣ барои саноати химия, алмосҳои сунъӣ ва асбобҳои алмосӣ, «Продмаш» ва ғайра) 41,2% ва саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, равған ва ғайра) 34,4% маҳсулоти умумип саноати шаҳрро медиҳанд. Саноати сабук (комбинати чарму пойафзол, фабрикаҳои калобаресӣ, дузандагӣ ва ғайра) низ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои саноати чӯбгарӣ, полиграфӣ ва маснуоти шишагӣ мавҷуданд. Полтава маркази калони илмпст. Дар шаҳр 5 мактаби олӣ — институтҳои хоҷагии қишлоқ, педагогӣ, тиббию стоматологӣ, инженерони сохтмон, кооперативӣ, 11 мактаби миёнаи махсус, расадхонаи гравиметрии АФ РССУ ҳаст. Театрҳои мусиқию драмавӣ, лӯхтак, филармония, 6 музей (аз ҷумла таърихи муҳорибаи Полтава, кишваршиносӣ, бадеӣ) дорад. Машҳуртарин ёдгориҳои меъмории шаҳр: калисои ҷомеи дайри Крестовоздвиженский (1689—1709), калисои Спас (1705).
Шаҳр бо номи «Лтава» бори аввал дар солномаи Ипатий (1174) номбар шудааст. Соли 1709 дар наздикии Полтава байни қӯшунҳои рус ва шведҳо муҳорибаи Полтава ба амал омад. Дар асрҳои 17—18 Полтава яке аз марказҳои калони ҳунармандӣ ва савдои Украина ба шумор мерафт. Аз соли 1937 Полтава— маркази вилояти Полтава. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 18 сентябри 1941 то 22 сентяри 1943). Полтава зери истилои фашистони немис буд. Шаҳр соли 1974 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд. Полтава— зодгоҳи нависанда И. П. Котляревский, рассом Н. А. Ярошенко, инчунин А. В. Луначарский. Дар ин ҷо В. Г. Короленко, А. Я. Рудченко (Панас Мирный) кору зиндагӣ ва Н. В. Гогол таҳсил кардаанд.