ПОЛИГАМИЯ (аз поли… ва юнонӣ gamos— никоҳ), дар давраи афзоиш ҷуфт шудани як нарина бо якчанд модина (дар аксар ширхӯрҳо, масалан, гурбаи баҳрӣ, баъзе хояндаҳо ва ҷонварони алафхӯр) ё як модина бо якчанд нарина (дар баъзе паррандаҳо, масалан, дар мурғиҳо, аксари ҳашарот ва ғайраҳо). Ниг. низ Моногамия.