Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Печанакҳо

Печанакҳо

Печанакҳо, иттифоқи қабилаҳое, ки аз омезиши туркҳои кучманчӣ бо қабилаҳои сарматҳо, угору фин ташкил ёфта буд. Асрҳои 8—9 дар заминҳои байни Волга ва  Урал мезистанд. Асри  9 венгерҳои кучманчиро торумор карда, ҳудуди калонеро аз поёноби Волга то резишгоҳи Дунай ишғол намуданд. Машғулияти асосиашон чорводорӣ буд. Асри 10 ба гурӯҳҳои шарқӣ ва ғарбӣ тақсим шуда, аз 8 қабила (40 авлод) иборат буданд. Ба қабилаҳои калон «хонҳои бузург», ба авлодҳо «хонҳои хурд» сарварӣ мекарданд, ки онҳоро маҷлисҳои қабилаҳо ва авлодҳо интихоб менамуданд.

Печанакҳо ҳокимияти меросӣ низ доштанд, Асиронро ба ғуломӣ мефурӯхтанд ё ба ивази гаравпулӣ ба ватанашон бармегардонданд. Як қисми асиронро ҳамчун аъзоёни баробарҳуқуқ ба ҳайати авлодҳо қа­бул мекарданд. Печанакҳо ба сарзамини Рус борҳо ҳамла кардаанд (916, 920, 968). Соли 1036 Ярослав Мудрий дар назди Киев ба Печанакҳо зарбаи сахт зада, ба тохтутозҳои онҳо дар сарзамини Рус хотима дод. Асрҳои 11—12 бисёр Печанакҳо бо мақсади мудофиаи сарҳад ба ҷануби  Руси Киев кучонда шуданд.

Асрҳои 10—11 императорони Визан­тия кӯшиш намуданд дар муборизаи зидди Рус ва Булгорияи Дунай Печанакҳоро ҳамчун иттифоқчӣ истифода баранд. Печанакҳо дар асрҳои 10—12 ба Венгрия омаданд ва ба онҳо дар қад- қади сарҳад ва дохили мамлакат ҷой доданд. Асрҳои 13—14 Печанакҳо  ҷамчун халқи ягона барҳам хурда, бо туркҳо, венгерҳо (маҷорҳо), русҳо, муғулхо ва дигар халқҳо даромехтанд.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …