Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пайканд

Пайканд

Пайканд яке аз шаҳрхои қадими воҳаи Бухоро. Димнаи II. 35 километр дуртар аз Бухоро дар самти Ҷануби Ғарб воқеъ гардида, вусъати он то ба 20 гектар мерасид. Пайканд то истилои араб яке аз марказҳои калони тиҷоратии Осиёи Миёна буд. Муаррихони асрҳои 9—10 Табарӣ, Наршахӣ Пайкандро шаҳри тоҷирон номидаанд. Пайканд бо Хитой ва мамлакатҳои Шарқи Наздик алоқаи тиҷоратӣ дошт. Қариб ҳар як деҳаи воҳаи Бухоро дар назди дарвозаҳои Пайканд работ доштанд, ки шумораашон зиёдтар аз ҳазор буда, барои мудофиаи Пайканд аз тохтутози қабилаҳои турк дар ин работҳо дастаҳои мусаллаҳ нигоҳ медоштанд.

Соли 706 истилогарони араб бо сардории Қутайби ибни Муслим Пайкандро ду маротиба забт ва ғорат карда, мудофиони шаҳрро ба қатл мерасонданд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ яғмогарони араб даp ин ҷо ғанимати бисёре, аз ҷумла бисёр зарфҳои тилло ва нуқ-ра, ба даст овардаанд. Пайканд дар асрҳои 9—10 аз нав барқарор гардида, нашъунамо ёфт; ду бозор дошт. Пайканд баъди заволи давлати Сомониён та- наззул ёфт.

Дар аввали асри 12 Арслонхони Қарахонӣ дар Пайканд қаср сохта кӯшидааст, ки шаҳрро аз нав барқарор кунад. Вале ин кор барабас рафтааст. Пайканд дар асри 12 аз беобӣ барҳам хӯрд. Дар солҳои 1913—14, 1939—40 ва 1956 археологҳо дар ин ҷо хафриёт гузаронида, тантаҳои Кушониён, Сосониён ва суғдиён, пораҳои маснуоти сафолӣ ва дигар ёдгориҳои маданияти моддии Пайкандро пайдо карданд, ки барои омӯхтани ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва мадании аҳо­лии Пайканд ёрӣ мерасонанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …